Додрас ба мурофиаи "боз"-и Далер Шарифов даҳҳо нафарро роҳ надод. ВИДЕО
Ба мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов, ки рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва падару модараш роҳ ёфтанд. Тақрибан 30 нафари дигар, аз ҷумла хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, паси дар монданд.