Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2020

Боздошти беш аз 100 нафар. Талоши полиси Қазоқистон барои пешгирӣ аз эътирозҳо. ВИДЕО, АКС

0
Боздошти беш аз 100 нафар. Талоши полиси Қазоқистон барои пешгирӣ аз эътирозҳо. ВИДЕО, АКС

Полис дар Қазоқистон дар остонаи намоишҳои сартосарии эътирозӣ, ки  дар калонтарин шаҳрҳои ин кишвар ташкил шуд, беш аз сад нафарро боздошт кард.  Фаъолони ҳизби сабтиномнашудаи Демократӣ ҳангоми боздошташон дар рӯзи 22 феврал дар наздикиҳои маҳалли таҷаммӯъ – майдони марказии Алмаато бо нидои “Озодӣ!” садо баланд мекарданд.

Қазоқистон муддатҳои зиёд аст, ки барои қонунҳои маҳдудкунандаи таҷаммуъҳои ҷамъиятӣ интиқод  мешавад. Президент Қосимҷомарт Тоқаев, ки баъди аз мақом канор рафтани Нурсултон Назарбоев дар паи 30 соли раёсатҷумҳурӣ баҳори соли 2019 сари қудрат омад, ваъда дод, ки  дар кишвар ислоҳот баргузор мекунад. Дар остонаи раҳпаймоиҳо Ҷонболат Мамай, раҳбари Ҳизби демократӣ боздошт ва ба мӯҳлати се шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Дар миёни онҳое, ки рӯзи 22 феврал боздошт шуданд, ҳамсари Мамай  - Инга Имонбой низ мебошад.

Қабл аз он ки полис Инга Имонбойро боздошт ва ба мошини полис савор кунад, ӯ ба мардуми ҷамъшуда гуфт:

“Оё аз мо пурсиданд, ки мо мехоҳем номи кӯча ба номи Назарбоев ваё номи пойтахт Нурсултон гузошта шавад? Мо ҳамеша аз болои Кореяи Шимоливу Туркманистон механдидем. Қудрати Назарбоев ҳам хотима меёбад. Ҳизби демократӣ мемонад ва пирӯз мешавад”.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Алмаато мегӯянд, рӯзи 22 феврал дастрасӣ ба Интернет маҳдуд шуд ва телефонҳои мобили сокинон қатъ гардид. Дар маҷмӯъ дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултон беш аз 100, дар шаҳрҳои Шимкент ва Оқтеппа 20-нафарӣ боздошт шуданд. 

Бо ин ки Назарбоев дигар президент нест, ӯ раҳбарии ҳизби ҳокими “Нуротан”-ро ҳамоно ба дӯш дорад ва дар Шӯрои амният то охири умраш раҳбар боқӣ хоҳад монд. Рӯзи баъд аз истеъфои Назарбоев дар таърихи 19 марти соли 2019 бо як қарор ва бар хилофи мухолифатҳои ҷомеа, исми Остона ба Нурсултон табдил шуд.

Маймай, ки  як филмсоз аст, дар сӯҳбат бо оҷонсии AFP рӯзи 21 феврал гуфт, ки “дасти кам даҳ узви гурӯҳ” дар ҳафтаи ҷорӣ ба мӯҳлати то панҷ рӯз ба ҳабс гирифта шуданд.

Худи Мамай соли 2017 бар асоси иттиҳоми пулшӯӣ ва он чи ки худаш “як иттиҳоми сохтакоришуда” меномад, ба се соли зиндони шартӣ маҳкум шуд. Ин ҳукм ҳанӯз побарҷо мебошад.

 

Рӯзи 22 феврал як ҷумбиши дигари мухолифин – Интихоби демократии Қазоқистон талош кард дар шаҳри Алмаато раҳпаймоии дуюмро барпо кунад, вале ин дафъа ҳам полис ҳозир шуда пеши роҳи фаъолонро барои барпо кардани намоиши эътирозӣ гирифт.  Гузоришҳои ҷудогона дар бораи боздошти ҷонибдорони  ҷунбиши Интихоби демократии Қазоқистон дар Нурсултон – пойтахти кишвар хабар доданд. Ин созмон гуфт, ки нақша дорад дар чандин шаҳри Қазоқистон эътироз барпо кунад.   

Интихоби демократии Қазоқистон бо қарори додгоҳ дар соли 2018 ҳамчун созмони ифротгаро мамнӯъ эълон шудааст. Рӯзи 20 феврал дафтари додситонии кулли Қазоқистон аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар, ба қавли мақомот, раҳпаймоиҳои “ғайриқонунии” Интихоби демократии Қазоқистон иштирок накунанд.

Болат Дембаев, муовини додситони кулл тавассути расонаҳои давлатӣ рӯзи 20 феврал шаҳрвандонро ҳушдор дод, ки сохторҳои ҳифзи қонун “тадбирҳои шадиди ҷилавгирӣ аз раҳпаймоиҳои ғайриқонуниро пиёда мекунанд” ва афзуд, ки ширкатдорони “эътирозҳои ғайриқонунӣ” бо иттиҳомоти маъмурӣ ва ҷиноӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

  

Дар изҳорот гуфта шуд, ки “ҳар иқдом барои ташкил ё ширкат дар маъракаи ҷамъиятии иҷозатношуда саркӯб мешавад. Дафтари додситонии кулл аз шаҳрвандон тақозо мекунад, ки қонунро ҷиддан риоя кунанд ва аз ҳама гуна амалҳои таҳрикомез ва ширкат дар фаъолиятҳои ғайриқонунии ҷамъиятӣ канорагирӣ кунанд”.

Даҳҳо ҷонибдори Интихоби демократии Қазоқистон ва дигар фаъолон дар саросари Қазоқистон дар остонаи гирдиҳамоиҳо ҷариманбандӣ ваё ба мӯҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шуданд. Раҳбарии ин ҷунбишро Мухтор Аблязов ба ӯҳда дорад. Ин сиёсатмадор беш аз даҳ сол аст, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад. Ӯ додситонии Қазоқистонро ташаккур кард, ки  дар остонаи раҳпаймоиҳо барои ширкатдорони он “як таблиғоте” ташкил кардааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день


Спорт в России и мире
Москва

Баскетболисты из Лобни завоевали золото на турнире Moscow Open


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Анастасия Потапова

Ролан Гаррос. Расписание 2 июня. Потапова и Швентек сыграют первым запуском, Синнер – последним


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

"Святой Ленин" спасает мир и возглавляет "восстание ИИ машин... хороших по существу". 8 серия, СЕРЬЁЗНЫЕ НОВОСТИ.





Путин в России и мире
Москва

Песков: Москва и Пекин намерены продолжать диалог по поставкам газа


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Прямое авиасообщение открыли между Ульяновском и Минском




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

МИД РФ: Зеленский умолял лидеров СНГ приехать в Швейцарию


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Игорь Бутман

Долина, Бутман и его оркестр представили Россию на Akra Jazz Festival в Турции



Москва

Магия общения с природой: московские кафе, где можно пообщаться с животными

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net