Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2020

Интихоботи Тоҷикистон ба "Фейсбук" қадам ниҳод, вале ҳанӯз беҷуръатона

0
Интихоботи Тоҷикистон ба

Бо вуҷуди начандон густарда буданаш, таблиғу даъват ва баҳсҳои парокандаи интихоботии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ падидаи нав аст. Камрангии корзор дар ин шабакаҳо аз як сӯ бозтоби фазои мавҷудаи интихоботӣ шумурда мешавад, аммо аз сӯе ҳам, ба гуфтаи коршинос Рустам Гулов, баёнгари онки ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ҳанӯз "роҳҳои истифода" аз ин шабакаҳоро "хуб намедонанд".

Раҳмон Ҷаҳонафрӯз Қурбонзода, номзад ба мақоми вакили порлумон, ба фарқ аз довталабони дигар барномаҳои худро дар "Фейсбук" таблиғ карда, то ин дам беш аз сад шарҳу вокуниш гирифтааст. Ӯ рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди онки шабакаҳои иҷтимоӣ майдони озод аст, "дар шароити Тоҷикистон майдони васеъ нест".

"Бештар бо интихобкунандҳо вомехӯрем. Мардум суҳбати рӯбарӯро меписанданд. Дар шабакаҳо саҳифаҳои фейкӣ ё дурӯғин бисёранд. Баъдан чанд нафари онҳо аз ҳавзае ҳастанд, ки ман номзад шудаам ва ба интихобот рафта, ба ман раъй медиҳанд? Ин як василаи ёрирасон асту бас", -- афзуд ӯ.

Дидори рӯбарӯ бо интихобкунандагон, ба ақидаи сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов, "усули куҳнаест, ки ҳам вақти зиёд мегирад ва ҳам ҳосили кам дорад".

Вай афзуд: "Мумкин аст, дар маҳалҳо дар як рӯз бо сад ё дусад нафар вохӯранд, аммо ба воситаи "Фейсбук" метавон ба ҳазорҳо нафар таъсир расонд. Дар замони ҳозира ин муқоисанашаванда аст".

Як ҷустуҷӯи кӯтоҳ дар "Инстаграм"-у "Фейсбук" ва "Одноклассники" нишон дод, ки саҳифаҳое бо номи "Интихобот" ва "Интихобот 2020" ё таблиғи барномаву номзадҳои алоҳида ҳаст, аммо матлаби кофӣ ва баҳси гарм надорад.

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, маъракаи имсолаи интихобот натанҳо дар фазои воқеӣ, балки олами маҷозӣ ҳам "чандон пуршӯр нест".

"Баъзан муаррифии номзадҳо ҳаст, вале эҳсоси инки дар кишвар ягон ҳодисаи муҳим мегузарад ё интихобот аст, дида намешавад. Касе мунтазири "сюрприз" нест",-афзуд ӯ. 

Абдураҳмон Хонов, намояндаи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботи имсола шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус "Фейсбук"-ро ба ҳайси яке аз майдонҳои муҳими таблиғот истифода мекунанд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ низ дар "Фейсбук" фаъоланд. Ҳизби кишоварзӣ аккаунт ё ҳисоби корбарӣ дорад, аммо ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ, коммунист ва сотсиалистӣ ҳанӯз дар олами маҷозӣ нестанд. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "ба зудӣ саҳифа мекушоянд".

Иршод Сулаймонӣ, пажӯҳишгари тоҷик, ки ҳузури ҳизбҳои сиёсиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ кардааст, дар матлабе навишт, ягон раиси ҳизби сиёсии Тоҷикистон "дар Твиттер, ки ҷойи "ҷанги сиёсатмадорон"-и дунё ном бурда мешавад, ҳузур надорад. Дар мавриди шабакаҳои дигар, аз ҷумла Инстаграм ва Ютюб ҳоҷати гап нест".

Дар ҳоле ки нашрияҳо ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ба ҳамаи ҳизбҳо дастрас нест ва мухолифон дар панҷ сол як бор рӯи экрани телевизионҳо намудор мешаванд, коршиносон шабакаҳои иҷтимоиро яке аз роҳҳои муҳими таблиғ мешуморанд.

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ҳизбҳо ва шахсиятҳо дар аксар кишварҳои дунё "хеле самарабахш аст". Ӯ таҷрибаи президенти Амрико Доналд Трамп дар "Твиттер" ва раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар шабакаҳои дигари иҷтимоиро барои расидан ба ҳадаф мисол овард, аммо афзуд, қазияи сиёсатмадорони тоҷик фарқ мекунад.

"Сабаб дар он аст, ки новобаста аз фаъол будан ё набудан сарнавишти онҳо маълум аст. Дигар инки бояд дар "Фейсбук" таҳлил кунанд, мушкилҳоро гап зананд ва ба суолҳо ҷавоб гӯянд. Аксарият ҷуръати гуфтан надоранд. Метарсанд, ки агар ба таври ҷиддӣ масъалаҳоро баён кунанд, аз ҳизб меронанд", -- гуфт Муллоҷонов.

Бино ба гузориши Digital 2020, ки моҳи январи имсол нашр шуд, тақрибан дуним миллион аҳолии Тоҷикистон аз Интернет истифода мекардаанд ва беш аз 600 ҳазори онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад ва беш аз дусад нафар барои 63 курсии порлумон вориди сабқат шудаанд. Фурсати каме барои таблиғи номзадҳо ва барномаҳояшон мондааст. Аксари ҳизбҳо ба маблағ ва имкониятҳое умед бастаанд, ки мақомот барояшон медиҳанд.

Дар гузашта созмонҳои байналмилалӣ маъракаи омодагиҳо ба интихобот дар Тоҷикистонро танқид кардаанд. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар хулосаи яке аз интихоботҳо навиштаанд, ки "маъракаи интихоботӣ аз баҳсҳо холӣ буд". Нуктае, ки зоҳиран тағйир накардааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день


Спорт в России и мире
Москва

Прощание «Спартака» с Джикией, «Зенит» в гонке за чемпионство. Итоги игрового дня РПЛ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Арина Соболенко

Соболенко — Коллинз: белоруска выиграла первый сет в полуфинале Рима


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

В Московской области сотрудники Росгвардии присоединились к ежегодной экологической акции «Наш лес. Посади свое дерево»





Путин в России и мире
Москва

«Газпром-Медиа» и Медиакорпорация Китая подписали соглашение о сотрудничестве


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Президент Камеруна получил послание от Президента Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире

Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Елена Волкова

В Парке Горького вновь пройдет Московский детский фестиваль искусств «НЕБО»



Москва

Юрист из Чувашии Анастасия Тимофеева представила наш регион на первом Всероссийском конкурсе красоты “Мисс Право”

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net