Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2020

БМ: Маблағ барои ҳамлаи Данғара тариқи "Золота корона" интиқол шуда буд. Ин низом қазияро шарҳ надодааст

0
БМ: Маблағ барои ҳамлаи Данғара тариқи

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафашон аз фаъол кардани Маркази ягонаи интиқоли пул, таъмини шаффофият ва ҳифзи маблағҳои муҳоҷирон аст ва сарфи назар аз интиқодҳо, аз мавқеашон баргаштанӣ нестанд.

Масъулини Бонки миллӣ дар бораи пайвастани низоми "Золотая корона" гуфтанд, ин низом танҳо дар сурате ҳаққи интиқоли маблағ ба Тоҷикистонро пайдо мекунад, ки агар бонке ёбад, ки хавфҳои онро ба ӯҳда гирад. Маркази миллии интиқоли пул ё маркази протссесингии Бонки миллӣ рӯзи 3-юми декабри соли 2019 фаъол шуд ва ба гуфтаи муҳоҷирон дар интиқоли маблағ мушкилиҳои зиёде пеш овард.

Масъалаи фаъол шудани Маркази миллии протссесинги рӯзи 5-уми феврал баҳси гармеро миёни рӯзноманигорон ва роҳбарияти Бонки миллӣ ба миён овард. Суоли аслии хабарнигорон аз роҳбарияти Бонки миллӣ ин буд, ки чаро низоми "Золотая корона", ки то ин вақт 82 фоизи маблағҳоро ба Тоҷикистон интиқол медод, ба ин низом пайваст нашуд. 

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, фаъол шудани Маркази миллии протссесинги "яке аз реформаҳои бузургтарини таърихии ҳукумат" аст ва то фаъол шудани маркази мазкур, ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ба таври зарурӣ ҳимоя намешуд.

Нуралиев гуфт, се ҳадафи аслии ба кор даромадани Маркази миллии протссесингӣ, ин пешгирӣ аз обсепазирии низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз интиқоли маблағҳое аст, ки барои терроризм интиқол мешаванд.

Муовини аввали раиси Бонки миллӣ аз кори низоми "Золотая корона" интиқод карда гуфт, ин низом бо дар ихтиёр доштани ҳаҷми зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон тамоми фишангҳоро дошт, ки дар як рӯз вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳуриро муташанниҷ кунад. Масъулини "Золотая корона" то ҳол дар ин робита изҳори назар накардаанд.

Аммо дафтари матбуоти "Золотая корона" қаблан аз муколама бо Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода ва низ ба ихтилофҳо дар ин замина ишора карда буд. Дафтари матбуоти низоми пулии "Золотая корона" дар шарҳи ихтилофҳои ҳуқуқӣ навишт, бархе муқаррароти Маркази таъсисдодаи БМТ бо қонуни федеролии Русия "Дар бораи низоми миллии пардохтҳо" дар ихтилоф аст.

Аз ҷумла бар асоси ин қонуни Русия, "низоми пардохтҳо ширкатдорони мушаххаси ин ҷараёнро дорад: оператор, ширкатдор, маркази ҳисобу китоб, маркази амалиёт, маркази пардохтҳои клирингӣ (ҳисобукитоби бенақд) ва ғайра. Аз ҷумла, маркази ҳисобукитоб - як созмони қарздиҳанда аст, ки бо парвонаи Бонки марказии Русия амал мекунад. Дар қонун афзоиши ҳайати субъектҳои ширкатдори ин ҷараён ба инобат гирифта нашудааст",-менависад "Золотая корона".

Аммо Бонки марказии Русия дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пайвастан ба Маркази протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон ба қонунгузории Русия мухолифат надорад.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ гуфт, низоми "Золотая корона" пура ба талабот ҷавобгӯ нест ва маблағ барои афроде, ки дар Данғара даст ба куштори сайёҳон заданд, тариқи "Золотая корона" ба Тоҷикистон интиқол шуда буд.

"Мутаассифона ин низоми пардохт ба талабот ҷавобгӯ нест ва механизми назорати ин интиқоли маблағ дуруст ба роҳ мондагӣ шудагӣ набуд",-гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: На северо-западе Москвы открылся волонтерский центр «Доброе место»


Спорт в России и мире
Москва

ФК «Зенит» представил стартовый состав на суперфинал Кубка России в Москве


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Горожане вновь могут увидеть стрижей





Путин в России и мире
Москва

Как маленькая страна собралась "ставить на колени" Россию: Станет ли Путин отвечать Эстонии?


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский: после «заморозки» конфликт опять вспыхнет


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Анастасия Волочкова

«Это конец артистки»: Зверев уверен, что проблема Волочковой не в алкоголизме



Москва

Погодный апокалипсис: лето 2024 принесет бесконечные дожди и шквалистый ветер

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net