Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Декабрь
2019

Шикояти афғонҳо аз соҳилбандии тоҷикон дар Шуғнон

0
Шикояти афғонҳо аз соҳилбандии тоҷикон дар Шуғнон

Гуруҳе аз сокинони рустоҳои наздики Ому дар Афғонистон шикоят доранд, ки туғёни ин рӯдхона ҳар сол “замину боғҳои онҳоро ба Тоҷикистон медиҳад.” Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ба ин шикоятҳо вокуниш накардаанд.

Мирзоқули Паймон, раиси ноҳияи Шуғнони Бадахшони Афғонистон рӯзи 19-уми декабр ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилоят гуфт, ба сабаби бардоштани девор дар соҳил аз самти Тоҷикистон маҷрои об тағйир ёфта, ҷангалзор ва хонаҳои сокинони рустоҳои назди соҳил дар Афғонистонро вайрон кардааст. Ба қавли ӯ, тағйири маҷрои Ому, ҳамчунин дар фаслҳои сероб, заминҳои Афғонистонро ба Тоҷикистон “медиҳад”.

Мирзоқули Паймон мегӯяд: “Аз даҳаи ҳафтод ба ин тараф дӯстони мо васоилу имконот доштанд. Майлони обро тағйир доданд. Тоҷикҳо такарҳо (саддҳои бетонӣ барои пешгирӣ аз шуста шудани соҳил ва тағйир додани маҷрои об) заданд, ки ин хилофи муқаррароти байналмилалӣ аст.” 

Ба гуфтаи ӯ, садҳо гектар замин аз ҷумла аз Марзи Қалъа, маркази Шуғнони Бадахшон ба самти Тоҷикистон гузаштааст: “Ҷангале, ки то ду се сол пеш аз мо буд, ҳоло дар он тараф аст. Тоҷикон ҳоло то 20 метр наздики мо омада моҳӣ мегиранд.”

Замониддин, сокини деҳаи Деҳмурғони ноҳияи Шуғнон мегӯяд, туғёни имсол дар дарёи Ому, се гектар замини кишти ӯро ба бистари дарё мубаддал кард ва даҳҳо дарахти ҳосилдору навниҳолро решакан карда бурд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар он тарафи Тоҷикистон онҳо (дар соҳили дарё) банд заданд, об омада, заминҳои зироатии мардум, хонаҳои мардумро аз байн бурд, се чаҳор ҷариб (як ҷариб 2 ҳазор метри мураббаъ) замини моро бурд. Гандум ва качолу (картошка) кишт мекунем, ҳоло ин заминҳои мо комилан зери об аст.”

Муҳаммадзикриёи Савдо, раиси вилояти Бадахшони Афғонистон бо изҳори нигаронӣ аз туғёни рӯди Ому дар фасли гармо ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯдхона на танҳо ба ноҳияи Шуғнон, балки ба 8 ноҳияи дигари марзӣ ва соҳилӣ зиёни зиёд расондааст.  Ӯ гуфт: “Мо дар ин муддатҳо ба сабаби надоштани буҷа ва мушкилоте, ки мардуми Афғонистон доранд ва ҳам як миқдор адами таваҷҷӯҳи ҳукумати маҳаллӣ ва марказӣ сабаби он шуд, ки мо натавонистем, таҳкимот (соҳилбандӣ) анҷом бидиҳем.”

Мӯҷибураҳмон Кабирӣ, вазири инкишофи деҳоти Афғонистон хисороти ворида ба рустоҳои наздимарзӣ дар Бадахшонро тасдиқ кард, вале гуфт, корҳои соҳилбандӣ дар ин ҷойҳо шуруъ мешавад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо ҳамроҳи раиси вилоят тамоми ин нукотро дидем, аз ноҳияи Шуғнон он қадар нест, 8 километр аст. Мо умедвор ҳастем, ки кор дар инҷо албатта корҳои техникӣ ба наздикӣ оғоз шавад. Дар оянда бо назардошти буҷа корро такмил мекунем.”

Сокинони деҳоти наздимарзии Афғонистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бадахшон гуфтаанд, ки агар соҳилбандӣ дар тарафи онҳо сурат нагирад, дар оянда мумкин аст, маҷрои Ому ба сокинони рустоҳои наздисоҳилии вилояти Тахор ҳам зиён расонад.

Вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон бо се кишвари Тоҷикистону Чину Покистон ҳаммарз аст. Марзи тулонитарини вилоят бо Вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст ва бештар аз 800 километрро ташкил медиҳад. Рӯдхонаи Ому марзи ҳарду вилоятро мушаххас кардааст ва баъзе аз ноҳияҳои ҳарду вилоят ҳамном ҳастанд.

Рӯдхонаи Ому бо 2 400 километр дарозӣ, яке аз бузургтарин рӯдхонаҳои Осиёи Марказист, ки қисми зиёди он аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад ва аз оби он кишварҳои поёноб ба мисли Узбекистону Қазоқистон ва Туркманистон ҳам баҳра мебаранд. Мутахассисони афғон мегӯянд, айни мушкилот, яъне шуста шудани заминҳои васеъ дар самти Афғонистон дар марз бо Туркманистон ҳам вуҷуд дорад ва мушкил дар ин минтақа бузургтар аз мушкилот дар марз бо Тоҷикистон аст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин заявил об увеличении числа резидентов ОЭЗ «Технополис Москва»


Спорт в России и мире
Москва

В столице Туркменистана - Ашхабаде открыли памятник легендарному армянскому поэту и композитору Саят-Нове


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
ATP

Теннисист Медведев может потерять свое место в рейтинге ATP


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Тело пропавшей два дня назад школьницы нашли на востоке Москвы





Путин в России и мире
Москва

Алексей Бобровский: санкции США против Китая окончательно фрагментируют мировую экономику


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Зеленский заявил о «самом большом преимуществе» России в конфликте


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Фёдор Шаляпин

Наследие Шаляпина и Рахманинова представили на выставке-форуме «Россия»



Москва

По инициативе студентов в городе учредили Московский студенческий совет

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net