Мы в Telegram
Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Декабрь
2019

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни муҳоҷирони латтукӯбшуда дар Хабаровск

0
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни муҳоҷирони латтукӯбшуда дар Хабаровск

Сафорати Тоҷикистон дар Русия тасдиқ кард, ки дар миёни муҳоҷироне, ки аз ҷониби пулиси Хабаровск латтукӯб шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Қирғизистон аллакай дар бораи латтукӯби шаҳрвандонаш аз сӯи пулиси вижа ё ОМОН, ба Русия нота фиристодааст. Вале мақомоти тоҷик то ҳанӯз қазияро пайгирӣ доранд ва мегӯянд, ки дар сурати пурра исбот шудани латтукӯби шаҳрванди Тоҷикистон, ба ҷониби Русия нота мефиристанд.

Ҳодисаи боздошт ва латтукӯби як гурӯҳ муҳоҷирон дар шаҳри Хабаровск рӯзи 12-уми декабр рух додааст. Муҳоҷирон, ки асосан ронандагон аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳастанд, мегӯянд, кормандони ОМОН онҳоро боздошт ва давоми чанд соат латтукӯб кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар миёни муҳоҷирони боздошшуда 6 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст, ки як нафари онҳо латтукӯб шудааст. Дар ҳоле, ки муҳоҷирон мегӯянд, теъдоди шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон зиёдтар аст. Мақомоти Сафорат гуфтанд, масъалаи латтукӯби шаҳрванди Тоҷикистон пайгирӣ доранд "ва дар сурати дақиқ шудани масъала", ба ҷониби Русия нота мефиристанд.

Қирғизистон аллакай аз боздошт ва латту кӯби шаҳрвандонаш дар шаҳри Хабаровск ба Русия нота фиристодааст. Қодирбек Мирзобоев, консули Қирғизистон дар Хабаровск гуфт, барои дақиқ кардани қазия ба Вазорати умури дохилӣ, додситонӣ ва Хадамоти федеролии амнияти Русия нота ирсол кардааст.

Самарбек Усмон уулу, як тан аз латтукӯбшудаҳо мегӯяд, кормандони ОМОН соати 10-и шом ба таваққуфгоҳи автобусҳо омаданд. "Ҳамаи ронандаҳоро боздошт карданд. Моро заданд ва ҳуҷҷатҳоро гирифтанд.  То субҳ заданд. Ба далели надоштани шиноснома, маро дар бемористон қабул накарданд. Ҳоло бо қабурғаи шикаста дар хона бистариам. Ба мо ҳатто имкон надоданд, ки пурсем - чаро моро мезананд. Даҳ нафар-даҳ нафар ба як ҳуҷра дохил карданду се корманди ОМОН бо "дубинка" заданд. Ҳамаашон ниқоб доштанд",-гуфт ин муҳоҷири қирғизистонӣ.

Жиргалбек, муҳоҷири дигари қирғиз гуфт, ки онҳоро дар бинои Воронеж 1, латтукӯб карданд. Харитаҳои онлайнӣ нишон медиҳанд, ки ин бинои Бозрасии давлатии автомобилии кишвари Хабаровск аст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, пеш аз латтукӯб пулис дурбинҳои назоратиро пӯшонидааст.

"Дурбинҳоро пӯшониданд. Ба мо фармон доданд, ки заминро нигоҳ кунем ва латтукӯбро сар карданд. Ба сарамон дод мезаданд, ки мо чароғакро сурх мегузарем, бидуни билет мусофир мегирем. Онҳоро чеҳраҳои мо ба хашм меовард. Моро субҳ соати 4 раҳо карданд",-гуфт Жиргалбек.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, боздошти дастаҷамъии муҳоҷирон, рӯзи 13 декабр боиси аз ҳаракат мондани нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хабаровск шудааст.

Мақомоти Русия то ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Аммо Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳамаи 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 12-уми декабр боздошт шудаанд, ҳуҷҷати иқомат надоштаанд.

Ба ин хотир ба гуфтаи масъулини сафорат, мумкин аст онҳоро аз Русия ихроҷ кунанд. Аз миёни 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба гуфтаи сафорати Тоҷикистон, 4 нафарашон озод шуда, ду нафари дигар ҳанӯз ҳам дар боздошт мебошанд.

Солона аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар бо мақсади дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Шикояти муҳоҷирон аз рафтори бади кормандони пулиси Русия тақрибан ҳар моҳ расонаӣ мешавад.

Хабар такмил мешавад






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев


Спорт в России и мире
Москва

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Надежда Петрова высказалась о перспективах Арины Соболенко снова возглавить рейтинг WTA


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об усилении совместных усилий России и Китая по борьбе с загрязнением пластиковым мусором





Путин в России и мире
Москва

Путин: РФ придает большое значение союзническому взаимодействию с Азербайджаном


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко назвал рецепт своего фирменного салата "Молодость", которым угощал Путина в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Столтенберг решил не встречаться с Зеленским в Брюсселе


Навальный в России и мире
Москва

Суд продлил арест двум адвокатам Навального



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Моргенштерн

Рэпер Моргенштерн не указал национальность в новых документах



Москва

Комлесхоз Подмосковья провел мероприятие «Путь в мастера» для любителей природы

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net