Милисаҳои муттаҳам ба шиканҷа аз 7 то 17 сол зиндонӣ шуданд
Додгоҳи шаҳри Душанбе чаҳор милисаи муттаҳам ба шиканҷаи боздоштшудаҳоро мутаносибан аз 7 то 17 сол равонаи зиндон кард.
Дар ҷаласаи ниҳоии додгоҳ, ки имрӯз, душанбеи 16-уми декабр баргузор шуд, додрас барои Фарҳод Нурхонов, муовини пешини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ дар Раёсати умури дохилии Душанбе 17 сол, барои Аваз Сабзаев ва Ирониддини Аҳлиддин 9-солӣ ва барои Умед Ваҳҳобов 7 сол зиндон эълон кард.
Муҳокимаи Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин аз севуним моҳ ба ин тараф идома дошт ва дар охирин нишаст намояндаи Додситонии кулл барои аввалӣ 23 сол ва барои се тани дигар 15-соли зиндон талаб карда буд.
Ин афрод ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Худи онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомотро рад кардаанд. Наздикони онҳо пас аз эълони ҳукми додгоҳ аз он норозигӣ намуда ва гуфтанд, ки ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.
Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин ним сол пеш дар пайи шикояти Ҳамза Солеҳов, як сокини Душанбе боздошт шуданд. Иттиҳоми асосӣ нисбат ба ин чаҳор маъмури пулис ба истиснои Умед Ваҳҳобов, истифода аз шиканҷа мебошад.
Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ба ҷуз аз шиканҷа маъмурони пулис ба баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва гирифтани пора муттаҳам ҳастанд. Бархе аз маъмурони боздоштшудаи пулис дар додгоҳ иттиҳоми гирифтани пораро тасдиқ карда, вале шиканҷаро рад намуданд.
Ҳамза Солеҳов ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ба гардан гирифтани ҷиноят ӯро ба нерӯи барқ гузоштаанд. Ба ҷуз аз Ҳамза Солеҳов, инчунин 17 сокини дигари Душанбе иддао карданд, ки Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин онҳоро шиканҷа кардаанд.
Маъмурони пешини милиса дар додгоҳ ва ба воситаи вакилони мудофеи худ гуфтанд, ҳангоми дастгир кардани гумонбарон ба чанд хато роҳ додаанд, аммо иттиҳоми шиканҷа "беасос аст".
Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки борҳо дар сархати расонаҳо ҷой гирифтааст. Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш занонанд.