Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Декабрь
2019

Пирӯзии муҳофизакорҳо боиси тарки Иттиҳоди Аврупо кардани Бритониё мешавад

0
Ҳизби муҳофизакори ҷонибдори Брекзит барандаи интихоботи Бритониё шуд. Натиҷаҳои расмии  интихоботи парлумоние, ки рӯзи 13 декабр эълон шуд,  ҳокист, ки нахуствазир Борис Ҷонсон метавонад акнун ваъдаи худ барои  берун кардани кишвараш аз узвияти Иттиҳоди Аврупоро амалӣ кунад. Дар паи шумориши қариб тамоми овозҳо маълум шуд, ки ҳизби Борис Ҷонсон  364 курсии маҷлиси иборат аз 650 курсиро бурдааст. Ҷонсон гуфт, ки баъди пирӯзии қотеи муҳофизакорҳо, Бритониё метавонад мувофиқи нақшаи қаблӣ, рӯзи 31 январ Иттиҳоди Аврупоро тарк кунад.


Ҷонсон гуфт:


“Бо чунин салоҳият ва аксарият билохира мо чӣ мекунем? Дуруст фаҳмидед. Ин интихобот ба маънои он аст, ки Брекзит мешавад ва ин қарори ғайриқобили инкору  муқовимат аст ва тасмими бидуни баҳс барои мардуми Бритониё аст. Бо ин интихобот дигар таҳдиди баргузории референдуми дуюм оид ба Брекзит ҳам аз байн меравад”.


Соли 2016 дар раъйдиҳии аввали мардуми Бритониё оид ба Брекзит, 52 дарсад тарафдор ва 48 дарсад мухолифи тарки узвияти Иттиҳоди Аврупо кардани Бритониё овоз доданд. Ҳамакнун, дар сурати иҷро шудани ин қарор, давраи гузариш то 31 декабри соли 2020 идома мекунад.


Ҳизби кор, ки хостори азсаргирии музокирот дар заминаи тарки Иттиҳоди Аврупо кардани Бритониё аст, дар натиҷаи овоздиҳии 12 декабр  барандаи 203 курсии маҷлис шуд. Ин 59 курсӣ камтар назар ба маҷлиси ҳоло амалкунанда мебошад. Ҷеремӣ Корбин, раиси ҳизб баробари шунидани ин қарор гуфт, ки ба истеъфо меравад. Президенти Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел гуфт, ки ин ниҳод умедвор аст парлумони Бритониё базудӣ нақшаҳои худро дар заминаи Брекзит мушаххас мекунад.


Президенти ИМА Доналд Трамп бо паёме дар Твиттер пирӯзии ҳизби Ҷонсронро табрик гуфт. Айни замон, сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки Русия ҳамеша умедвор аст, ки интихобот онҳоеро сари қудрат меорад, ки ҷонибдори “равобити хуб” бо Русия ҳастанд, вале дар заминаи муҳофизакорони Бритониё мутмаин нест, ки чунин мешавад.  





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net