Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Декабрь
2019

Нақлиёти ройгон барои сокинони Хоруғ дар рӯзи мавлуди Шоҳзода Карим Оқохон

0
Имрӯз, 13-уми декабр Шоҳзода Карим Оқохон, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон 83-сола шуд. Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо дар вилояти Бадахшон ҳастанд ва ин санаро бо баргузории барномаҳои мухталиф таҷлил мекунанд.


Ба ин муносибат имрӯз дар Маркази ислоилияи шаҳри Хоруғ ва Литсейи Оқохон дар ин шаҳр, чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз, нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хоруғ барои сокинон ройгон хизмат мекунанд. Баргузории намоишгоҳе низ дар ин шаҳр назар аст.


Дар Маркази исмоилияи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бинобар рӯзи муқаррарии корӣ, ба ин муносибат имрӯз барномае дар назар гирифта нашудааст.


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҳам дар паёме ба ин муносибат, аз Шоҳзода Карим Оқохон "чун ҳомии кулли исломи ноб, шахсияти сулҳпарвар ва ободкору инсондӯст", ёд кардааст. Дар ин паёми Ёдгор Файзов, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-и мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр шуд, ҳамчунин аз ҳамкориҳои хуби Шабакаи Оқохон ва Ҷамоат бо ҳукумати Тоҷикистон ёддоварӣ шудааст.


Карим Оқохон ё Оқохони чаҳорум рӯзи 13-уми декабри соли 1936 ба дунё омадааст. Ӯ имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон мебошад ва пас аз бобояш Оқохони севум дар соли 1957 ба имомат расид. Ӯ дар риштаи таърихи ислом дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил кардааст. Оқохони чаҳор аз сарватмандарин шахсиятҳои мусалмон низ ба шумор меравад.


Пайравони шохаи исмоилияи мазҳаби шиа умдатан дар Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Сурия, Танзания, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ба сар мебаранд. Пайравони ин равия дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Бадахшону шаҳри Душанбе ва баъзе аз минтақаҳои дигари кишвар зиндагӣ мекунанд.


Пас аз истиқлоли Тоҷикистон, Оқохони чаҳор чанд дафъа ба Тоҷикистон сафар кард ва бо пайравонаш мулоқот дошт. 





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net