Ду милисаи муттаҳам ба шиканҷа ба ҷойи кори худ баргаштаанд
Ду маъмури милиса, ки ба шиканҷаи сокини Душанбе Умед Ҳикоятов муттаҳам буданд, ба ҷойи кори худ баргаштаанд. Яке сардор ва дувумӣ корманди як шуъбачаи идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шудааст. Вакили мудофеи Ҳикоятов ин тасмимро нодуруст номид ва гуфт, ба Додситонии кул шикоят мекунад.