Пешниҳоди пардохти нафақа ба зиндониҳо дар Узбекистон
"Дар ҳоли ҳозир шумори афроди ба синни нафақа расида дар маҳбасҳо ба наздики 1000 кас мерасад. Қатъи пардохти нафақа ҳангоми адои ҷазо натанҳо маҳдудсозии ҳуқуқҳои зиндониҳо, балки маҳдудсозии ҳуқуқи пайвандони онҳо низ ҳаст",-хабар дод маркази матбуотии порлумон.
Дар кишварҳое чун Испания, Ҷумҳурии Чех, Норвегия, Фаронса, Португалия, Олмон, Юнон, Русия, Украина ва бархе дигар кишварҳо зиндониҳо ҳақ доранд, ки нафақаи бознишастагиву маъюбӣ ва дигар навъи нафақаро дарёфт кунанд.