Дар Эфиопия аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ пешгирӣ шудааст
Ҳукумати Эфиопия хабар дод, ки аз кӯшиши кудето ё табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар пешгирӣ кардааст.
Абий Аҳмад, нахуствазири Эфиопия, рӯзи 22-юми июн ба телевизиони давлатӣ гуфт, нақшаи табаддулотро як генерали артиш ва дигарон кашида буданд. Вай афзуд, дар ҷараёни амалиёт шуморе кушта ва захмӣ шудаанд.
Сафорати Амрико дар Эфиопия гуфт, дар бораи даргириҳои мусаллаҳона дар шаҳри Аддис-Абаба иттилоъ дарёфт кардааст.
Эфиопия яке аз муттаҳидони асосии Амрико дар минтақа дониста мешавад.