Рӯзе як кушта ва чор маҷрӯҳ. Соли гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон 395 нафар ҳалок шудааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки соли гузашта наздики 1300 садама сабт шудааст, ки тақрибан рӯзе чор садама ҳисоб мешавад. Дар пайи ин садамҳо 395 нафар кушта шуда, 1357 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Соли гузашта ҷазо барои ронандаҳое, ки боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мешаванд, сахттар шуд. Барои ронандагӣ дар ҳоли мастӣ дар Тоҷикистон то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст, вале агар ронандаи маст, сабаби садама ва ё фоҷиае шавад, ба солҳои тулонии зиндон маҳкум мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби садамаҳои маргборро дар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бо суръати баланд рондани мошин ва дар ҳолати мастӣ ронандагӣ кардан медонад.
