Добавить новость
123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2019

“Amnesty International” : Тоҷикистон аз қонуни "агенти хориҷӣ" пайравӣ кард

0
Созмони “Amnesty International” мегӯяд, қонун дар бораи   “агентҳои хориҷӣ” дар Русия кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба қабули қонуни монанд ба он водоштааст.


Қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ” соли 2012 дар Русия қабул шуд, ки фаъолияти расонаҳо ва созмонҳои ҷамъиятиеро, ки аз хориҷ саромоягузорӣ мешаванд, маҳдуд кард.


Созмони “Amnesty International” дар гузориши тозаи худ, ки 20-уми феврал нашр шуд, навиштааст, зоҳиран Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз Русия соли 2015  қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро тасвиб кард. Ба навиштаи “Amnesty International”, созмонҳои ҷамъиятӣ бар асоси ин қонун пеш аз дарёфти сармояи хориҷӣ аз вазорати адлияи Тоҷикистон иҷозат мегиранд ва аз сарфи он ба ин вазорат ҳисобот медиҳанд.


“Amnesty International” навиштааст, қонуне, ки фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад, пас аз Русия дар Озарбойҷон ва Қазоқистон низ қабул шуд.


Охири моҳи майи соли 2015 қонуни мазкур дар порлумони кишвар бо ширкати 20 намояндаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва вакилони кумитаҳои порлумон мавриди баҳс қарор гирифта буд. Тарафи ҳукумат ин тағйирро шафофият ва танзими фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ унвон кард, вале созмонҳои ғайридавлатӣ ин иқдомро ҳамчун фишор ба фаъолияти ин созмонҳо маънидод намуда буданд.


Дар Русия низ бо қабули қонун дар бораи “агенти хориҷӣ” ба Вазорати вазорати адлияи ин кишвар  ҳақ медиҳад, расонаҳои хориҷии мустақар дар Русия ва ё он расонаҳое, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, “маъмури хориҷӣ” унвон диҳад.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net