Соле, ки бонувон талаб карданд барои "гаппартоӣ" ҷазо муқаррар шавад. ВИДЕО
Дар соли 2018 муроҷиати гурӯҳе аз бонувони сокини Душанбе ба мири шаҳр, дар навъи худ нодир буд ва баҳсҳоеро дар ҷомеа барангехт. Ин занон дар номае аз раиси шаҳр хостанд ба масъалаи озори лафзии духтарон дар кӯчаҳои пойтахт, таваҷҷуҳ намояд.