Маросими видоъ бо Людмила Аексеева дар Маскав ҷараён дорад
Дар Хонаи журналистони Маскав маросими видоъ бо фаъоли ҳуқуқи башар, раҳбари гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав Людмила Алексеева ҷараён дорад. Алексеева рӯзи 8 декабар дар синни 92-солагӣ даргузашт.
Рӯзи 11 декабр раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, раҳбари Палатаи ҳисоб Алексей Кудрин, ваколатдори пешини ҳуқуқи инсон Владимир Лукин, раҳбари созмони "Мемориал" Ян Рачинский, депутатҳои собиқи Думаи давлатӣ ва раҳбари мухолифин Алексей Навалний бо Людмила Алексеева видоъ карданд.
Рӯзи гузашта додгоҳи Тверсий дархости раҳбариҷумбиши "Барои ҳуқуқи башар" Лев Пономаревро барои иштирок дар маросими хайрбодӣ бо Алексеева рад кард. Пономарев барои эълони эътирози бидуни иҷоза дар Фейсбук ба 16 рӯзи зиндон маҳкум шуд.
Департаменти Давлатии ИМА низ ба марги Людмила Алексеева изҳори тасаллият кард. Дар изҳороти сухангӯи ин ниҳод Роберт Палладино раҳбари гурӯҳи Ҳелсинки дар Маскав "яке аз бузургтарин ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон" арзёбӣ шуд.
Раиси Ҷумҳури Лаҳситон Анҷей Дуда ба Людмила Алексеева баъди маргаш олитарин ҷоизаи ин кишвар барои хориҷиҳоро - ордени ҳизмат барои Лаҳистонро тақдим кард.
Алексееваро дар қабристони Троекуровский ба хок месупоранд.