Ҳомиёни ҳуқуқи башар ба ҳимояти Лев Пономарёв бархостанд
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Русия аз ҳабси Лев Пономарев - фаъоли ҷомеаи маданӣ ба муҳлати 25 рӯз ибрози нигаронӣ доранд. Онҳо аз додгоҳи шаҳри Москва ждаъват карданд, ки ҳангоми баррасии шикоят аз болои ин ҳукм меъёрҳои Конвенсияи Аврупо дар бораи ҳимояти ҳуқуқи инсонро ба инобат бигирад.
Зери номаи ҳимоят аз Пономарёв, раҳбари Гуруҳи Ҳелсинки Москва Людмила Алексеева, раҳбари бунёди "Шарикии иҷтимоӣ" Валерий Боршев, мудири маркази "Сова" Александр Верховский, раиси "Кумитаи зидди шиканҷа" Игор Каляпин, ҳамраиси ҳаракати "Садо" Григорий Мелконянст, узви шӯрои маркази ҳомии ҳуқуқи "Мемориал" Олег Орлов, раиси "Мемориал" Александр Черкасов ва мудири бунёди "Ҳукми ҷамъиятӣ" Наталя Таубина имзо гузоштаанд.
Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия Михаил Федотов гуфт, ки додгоҳ метавонист ӯро танҳо ҷарима кунад.
Пономарёви 77-сола ба хотири ҷонибдорӣ аз гумонбарони парвандаи "Ғурури нав" ва "Сетӣ" боздошт шуд. Ҳомии ҳуқуқи рус гӯё дар бораи иқдоми худ дар Фейсбук навиштааст. Ӯро ба нақзи такрории қоидаҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ айбдор карданд.