Орои интихоботи порлумонӣ дар пойтахти Афғонистон ботил эълон шуд
![Орои интихоботи порлумонӣ дар пойтахти Афғонистон ботил эълон шуд](https://gdb.rferl.org/5485641F-E2FA-4A26-B60E-8B2274EFA333_w800_h450.jpg)
Комиссияи шикоятҳои интихоботии Афғонистон пас аз баррасиҳои зиёд ва "дақиқ", орои интихобот дар ҳавзаи Кобулро ботил эълон кард. Ба назар мерасад, ки бо ботил эълон шудани орои интихоботӣ дар ҳавзаи Кобул, Афғонистон дар рӯбарӯи боз як бӯҳрони сиёсӣ қарор хоҳад гирифт.