СММ нопадидшавии журналисти Саудиро "хушунатомез" унвон кард
Нопадидшавии журналисти Сауди Ҷамол Ҳашоггиро, ки ҳафтаи пеш дар консулгарии Арабистони Сауди дар Истанбул бенишон шуд, дар Созмони Милали Муттаҳид "ошкоро хушунатомез" унвон карданд. Ҳамчунин аз Туркия ва Арабистони Саудӣ даъват карданд, ки ҳодисаро таҳқиқ кунанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 9-уми октябр бо такя ба Идораи СММ дар умури ҳуққи инсон гузориш дод.
Журналист рӯзи 2-юми октябр нопадид шуд. Ба гуфтаи арӯсшавандааш, Ҳашоггӣ ба идораи консулгарии Саудӣ ворид шуд ва дигар ба берун набаромад. Баъди панҷ соати интизорӣ кормандони консулгарӣ ба ӯ гуфтанд, ки Ҳашоггӣ "рафт" ва ӯро дар инҷо интизор шудан маънӣ надорад.
Намояндагони Туркия ин эҳтимолро, ки Ҷамил Ҳашоггӣ дар бинои дипломатӣ кушта шудааст, соқит намекунанд. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки вазъро таҳти назорат гирифтааст, гуфт, намояндагони Риёз наметавонаннд танҳо "Ҳашоггӣ рафт" бигӯянду ҷонхалосӣ кунанд. Ӯ аз мақомоти Саудӣ даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар шарҳи мантиқии ҳодисаро пешниҳод кунанд.
Валиаҳди Саудӣ - шоҳзода Салмон гуфт, ки Арабистони Саудӣ чизе барои пинҳон кардан надорад ва мақомоти Туркия метавонанд қаламрави консулгариро ҷустуҷӯ кунанд.
Ҷамол Ҳашоггӣ - раҳбари шабакаи телевизионии Al Arab News аст, ки бо матбуотӣ арабӣ ва ғарбӣ ҳамкорӣ дошт. Ӯ аз мунтақидони сиёсати феълии Риёз номбар мешавад.