"Путин ба нафақа равад, вале синни нафақа боло нашавад!"
Рӯзи якуми июл дар 40 шаҳри Русия мардуми зиёде ба кӯчаҳо баромаданд. Сабаби раҳпаймоии онҳо эътироз ба ислоҳоти низоми нафақа буд, ки ҳадаф аз он то 5 сол боло бурдани синни бознишастагӣ дар ин кишвар аст.