Сокинони деҳаи селзада: "Наҷотбахш ҳам худамон, экскватор ҳам"
Тайи як ҳафтаи охир борону сел ба чанд рустои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Панҷу Фархор, Хуросону Бохтар ва шаҳри Ваҳдат осеб расонда, даҳҳо нафарро бе хонаву дар ва замини кишт гузоштааст.