Муштзани тоҷик баъди беш аз як соли беҳушӣ падарашро шинохт
Пас аз як солу се моҳи беҳушӣ Даврон Маҳмадов, муштзани тоҷик, аз шӯъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Кёлни Олмон ба шӯъбаи умумӣ интиқол ёфт. Баъди берун шудан аз кома ӯ тоза падарашро шинохтааст, вале ҳанӯз сӯҳбат намекунад.