51% саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро саудиҳо мехаранд
Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) эълон кардааст, ки то 51 дарсади саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ мекунад. Ин аввалин маротиба аст, ки як ширкати хориҷӣ омода шуд миқдори бузурги саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ кунад.