Дар сохтори прокуратураи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт
Президенти Тоҷикистон бо мақомоти нави ба сохторҳои прокуратура ва Палатаи ҳисоб таъйиншуда мулоқот кард. Вебсайти президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 май хабар дод, ки "мақомҳои прокуророни шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Темурмалик, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва муовини прокурори вилояти Хатлон, прокуророни ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва прокурори ноҳияи Рашт аз ҳисоби мутахассисони ҷавону ботаҷриба таъйин карда шуданд". Дар дастгоҳи марказии Палатаи ҳисоб – сараудиторон ва дар дигар вазифаҳои сатҳи роҳбарии ин мақомот низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Исми онҳо нашр намешавад. Дар хабар инчунин омадааст, ки пешниҳоди президент дар робита ба вазифаи Сараудитор таъйин намудани Собир Салимзода ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд. Инчунин рӯзи 11 май бо қарори ҳукумат Муҳаммад Ғуломзода муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” таъйин гардид.