Қатъи муваққатии парвозҳои "Сомон Эйр" ба Теҳрон
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон эълон кард, ки парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Теҳронро то охири моҳи март қатъ кардааст. Ҳамин тавр парвозҳои ширкат дар масири Душанбе-Дубай низ то 6-уми март боздошта шудаанд.
Ширкати "Сомон Эйр" 3-юми март дар хабарномае навишт, "ба сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи ҳаримӣ ҳавоӣ", парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва Дубай муваққатан манъ карда мешавад. Ба мусофироне, ки ба ин самтҳо билет харидаанд тавсия дода шудааст, ки ба ширкат муроҷиат кунанд.
Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ҳарими ҳавоии Эрон пурра баста шудааст. Инчунин бо сабаби ҳамлаҳои ҳавоии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, баъзе фурудгоҳҳои калон, аз ҷумла фурудгоҳи Дубай, муваққатан баста шуданд.
Дар ҷадвали Фурудгоҳи Душанбе дида мешавад, ки аз 1-уми март ба ин сӯ парвоз ба Дубай, Кувайт ва баъзе аз кишварҳои Ховари Миёна бекор шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи дуюми март ба шаҳрвандон тавсия дод, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҳозира аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ кунанд.
