Дар Туркия ба хотири филми "Ҳукми қонун" ҷашнвораи филми мустанад бекор карда шуд
Як рӯз пеш аз ин вазорати фарҳангу туризми Туркия аз пуштибонии ин ҷашнвора даст кашид. Эътирози вазорат ба филми “Ҳукми қонун” буд, ки дар бораи мушкилоти як омӯзгор ва як табиб қисса мекунад, ки баъди ҳодисаи талоши кудатои 15 июли соли 2016 аз кори худ ронда шуданд.
