САҲА: Интихоботи Узбекистон берақобат, аммо бо омодагии хуб гузашт
Нозирони САҲА 7 июн вориди Узбекистон шуданд ва корашонро 18 июл ҷамъбаст мекунанд. 10 июл намояндагони маъмурият хулосаи аввалияи худро нашр карданд. Дар рӯзи интихобот 198 нозир аз 26 кишвари узви САҲА қитъаҳои раъйдиҳиро назорат карданд.
"Ҳамаи номзадҳои сабтшуда ҳаққи озодона таблиғ кардани худро доштанд, онҳо ҳуқуқи баробари нашр ва паҳнсозии варақаҳои таблиғотӣ, ташкили чорабиниҳо ва дастрасӣ ба сармоягузории давлатиро доштанд", - гуфт роҳбари маъмурият Урсула Гатсек дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи нозирон, маъракаи интихоботӣ "кунд буд", мулоқотҳои таблиғотӣ одатан "танзимшуда буданд". Гатсек афзуд, ки номзадҳо "дидгоҳҳои алтернативии сиёсӣ надоштанд".
Маъмурияти нозирон аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар навбати худ гуфт, ки "интихобот дар асоси алтернативӣ баргузор шуд, шаффоф, одилона ва демократӣ буд".
