Добавить новость
123ru.net
World News
Сентябрь
2022

Назарпурсӣ: Қарори басеҷ дар Русия эҳсоси "тарс, шок ва хашм"-ро эҷод кард

0
Нисфи пурсидашудаҳо дар Русия гуфтанд, ки эълони басеҷи нисбӣ ё мобилизатсия ба артиш онҳоро ҳаросон кард ва танҳо тахминан чоряки пурсидашудаҳо гуфтанд, ки “бо Русия ифтихор мекунанд”.


Пурсише, ки онро маркази назарпурсии “Левада” охирҳои моҳи сентябр дар саросари Русия дар робита бо муносибати аҳолӣ ба мобилизатсия барпо кард, нишон дод, ки 47 дарсади пурсидашудаҳо аз ин маърака эҳсоси тарс, 23 дарсад – шок эҳсос карда  13 дарсад ба хашм омаданд. Эҳсоси тарсу нигарониву шокро 56 дарсади ҷавонҳои то 24-сола таҷриба кардаанд. Маълум нест, ки то куҷо ин омор баёнгари ҳақиқати пурраи вазъ мебошад.


Имзои қарори басеҷ ё мобилиатсияи нисбӣ, ки онро рӯзи 21-уми сентябр  президенти Русия Владимир Путин имзо кард,   боиси фирори мавҷи азими мардону ҷавонони синни хидмат аз Русия шуд. Наздиктарин марзҳои Русия  - Қазоқистон, Гурҷистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистону Финляндия макони фирори мардони синни даъват аз Русия мешаванд ва бовар меравад, ки на камтар аз 250 ҳазор мардон сарҳади Русияро убур карда ба хориҷа рафтаанд.


Радио Свобода менависад, президент Путин дар изҳороте 29-уми сентябр маҷбур шуд эътироф кунад, ки “дар ҷараёни басеҷ хатоҳои фароворе роҳ дода шуд”. Ӯ амр дод, ки нафарони ғайриқонунӣ ба артиш бурдашуда ба хонаҳояшон баргарданд. Дар миёни мушкилоту камбудиҳое, ки ёд мешаванд, ин шеваи ташкили даъват ба артиш, таъминот, шароити маишии зисту нигаҳдории сарбозон ва дигарҳо мебошанд.


Мақомот дар Русия инчунин тақозо карданд, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Русия мераванд, басеҷ шаванд, дар ҳоле, ки аксари ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандонаш ба ҷангҳои бегонаро манъ ва ҷиноят арзёбӣ мекунад.


Бархе нозирон мегӯянд, басеҷи мардум ба артиш ба обрӯи Русия зарбаи шадид зад ва ҳоло Путин аз роҳи гӯё эътироф кардани хатоҳо мехоҳад дили мардумро ба даст оварад.




 


 





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net