Добавить новость
123ru.net
World News
Июнь
2021

Зарари сел дар Кӯлобро 46 млн сомонӣ ҳисоб карданд

0
Мақомоти Тоҷикистон зарари умумии офати табииро як моҳ пас аз обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб эълон карданд. Боронгариҳои сахт ва сел рӯзи 11 май баъзе ҷойҳои шаҳри Кӯлобро вайрон кард ва ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳодисаҳо се нафар кушта шуданд.


Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон зарари умумии селро дар шаҳри Кӯлоб 46 миллион сомонӣ (баробар ба 4 миллион доллар), эълон кард. Ба маълумоти сарчашма, дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва бахше аз 102 хонаи дигар вайрон шудаанд.


Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки дар селхезии Кӯлоб 4 мактабу боғча, 6 километр роҳ, 10 пул, наздик ба 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор ва 500 метор қубурҳои обгузар, осеб дидаанд.


Тибқи иттилои расмӣ, бар асари ин ҳодиса дар деҳоти атрофи шаҳр ҳазорҳо чорвои сокинон талаф ёфта, 136 гектар майдонҳои кишт аз байн рафтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми июн ба Кӯлоб рафт ва бо сокинони осебида аз ин офати табиӣ мулоқот кард


Мақомот гуфтаанд, ки то моҳи август барои ҳама онҳое, ки манзилҳояшон аз байн рафтаанд, хонаҳои нав месозанд. Дар рӯзҳои гузашта чандин касони аз ҳодиса зарардида шикоят кардаанд, ки бо гузашти ду ҳафта, бароои бозсозии манзилашон ҳеч кӯмаки сохтмонӣ нагирифтанд. Сокинон инчунин гуфтанд, ки дар тақсим кардани ёриҳо ва кӯмак барои азнавсозии хонаҳояшон беадолатӣ дида мешавад.


Аммо мақомот мегӯянд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса, ҳукумат ба кӯмаки зарардидагон шитофт ва ба ҳамаи хонаводаҳои осебдида (1725 оила) кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, асбобу анҷоми хона, сару либос, масолеҳи бинокорӣ ва сӯзишворӣ расонд.


Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, офати табиии рӯзи 11-уми май ҳамагӣ ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боиси марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ зарар расонд.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net