Садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Истанбул. АКС
Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса 120 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба қавли шаҳрдори Истанбул, маҷруҳонро ба бемористон бурданд.
Дар бораи фавтидаҳо гузориш нашудааст.
Вазири нақлиёти Туркия гуфт, ҳавопаймо ҳомили 171 мусофир ва шаш сарнишин буд.
