Добавить новость
123ru.net
World News
Декабрь
2019

Коргардони узбекистонӣ "Тарма"-и туркиро барои тоҷикон ба саҳна гузошт

0
Шоми панҷшанбеи 5-уми декабр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустин бор намоишномаи "Тарма" аз рӯйи асари адиби турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу ба саҳна меравад.


Коргардони ин намоишнома саркоргардони театри драммавии Тошканд Олимҷон Салимов мебошад. Рӯйи саҳна омадани ин намоишнома, мавзӯи камбуди намоишномаҳо ва коргардонҳои ҳирфаӣ дар Тоҷикистонро боз ҳам ошкортар кард.



То ҳол дар 140 театри ҷаҳон намоишномаҳо аз рӯйи асари "Тарма"-и адиби турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу ба саҳна рафтааст. Ҳамакнун театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов низ тасмим гирифтааст чунин намоишномаро шомили феҳрасти намоишномаҳои худ созад.


Сӯҳроб Мирзоев, саркоргардони ин театр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои таҳияи ин намоишнома онҳо аз коргардони узбек Олимҷон Салимов хоҳиши ҳамкорӣ кардаанд. "Вай бо наҳваи рӯйи саҳна овардани ин намоишнома дар театрҳои дигар ошно аст ва ба ин далел, умедворем тамошобини тоҷик аз дидани ин асар дар саҳнаи театри ҷавонони Тоҷикистон қонеъ мешавад",-гуфт Сӯҳроб Мирзоев.


Баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми декабр масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳунармандони маъруфи кишвар пас аз анҷоми тамрин ин намоишномаро тамошо ва барои пешкаш ба тамошобинон ризоият доданд.


Олимҷон Салимов, коргардони ин намоишнома дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба театри тоҷик арҷ мегузорад ва онро аз ҷумлаи беҳтарин театрҳо дар минтақа медонад. Дар посух ба ин савол, ки мӯҳтавои аслии ҳодисоти тасвиршуда дар ин намоишнома чист, ҷаноби Салимов гуфт:


"Дар як рустое мардум 9 моҳ дар як сол бо тарсе зиндагӣ мекунанд, ки тарма аз кӯҳи баланд ба деҳаи онҳо сарозер мешавад ва ҳамаи онҳо мефавтанд. Ба ин хотир, ҳатто таваллуди кӯдаконро ба фасли тобистон нақшагирӣ мекарданд. Аммо, як хонуме зимистон таваллуд мекунад ва ҳамаи сокинони деҳа интизори фаромадани тарма ва марги ногузир мешаванд. Аммо, тарма намефарояд ва мушаххас мешавад, ки тарси онҳо беҳуда будааст. Яъне, мӯҳтавои аслии ин намоишнома ба тарси инсон марбут аст, тарсе, ки аз ҳамаи пешрафтҳо дар зиндагӣ монеъ мешавад".


Марям Исоева, ҳунарманди саршиноси тоҷик, ки ин намоишномаро дар театри ҷавонони Тоҷикистон тамошо кардааст, мегӯяд, ҷалби коргардонҳои узбек барои таҳияи ин спектакл дар пайи беҳбуди робитаҳо миёни Тошканд ва Душанбе сурат гирифтааст. Ҳарчанд, ба эътиқоди хонум Исоева, камбуди драмнависон ва коргардонҳои ҳирфаӣ дар бахши ҳунари театрии тоҷик ҳамчунон боқӣ мондааст.


Вай афзуд, "Хеле афсӯс, ки муаллифони тоҷик ба навиштани асарҳо барои театрҳои тоҷик чандон алоқаманд нестанд. Дирӯз чунин даъворо ба яке аз драмнависони тоҷик ироа кардам. Вай гуфт, ки мақомот барои эҷоди намоишномаҳо маблағи ночизе медиҳад, ки ҳатто пули қоғази сарфшударо намебарорад. Ба ин далел, вай намехоҳад асарҳои наве эҷод кунад. Роҳбарияти театри ба номи Лоҳутӣ ҳатто аз ҳунармандон хоҳиш мекунад, ки дастҷамъона асаре биофарем, то рӯйи саҳнаи театр он иҷро шавад".


Ортиқи Қодир, ҳунарманди театр ва ровии машҳури тоҷик низ аз камбуди драмнависону коргардонҳои ҳирфаӣ дар театрҳои тоҷик изҳори нигаронӣ мекунад.


Вай ахиран дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар масъалаи сенарияву филмнависӣ ба ин ақидаам, ки мо муаллифони баландпоя надорем. Драматургияи миллии мо хеле суст шудааст. Сенариянависони касбие, ки дорем, онҳо ҳам парвардаи даврони шӯравӣ ҳастанд. Асарҳои дархӯри замон рӯи кор наомадаанд".


Зимнан, чунин мушкил бо коргардонҳои бахши театр ва синамо низ эҳсос мешавад. Ба ин хотир гуфта мешавад, ки Олимҷон Салимов ба унвони коргардони намоишномаи "Тарма" аз Узбекистон даъват шудааст. Худи коргардон мегӯяд, ки аз соли 2006 ба ин сӯ бо театрҳои тоҷик ҳамкорӣ дорад.


Нахуст, дар он сол вай дар театри русии ба номи Владимир Маяковский намоишномаи "Панҷ зани Хоҷа Насриддин"-ро ба саҳна оварда ва соли 2012 дар ҳамин театр "Тартюф"-и Молерро таҳия кардааст. Соли 2014 дар театри Камоли Хуҷанди шаҳри Хуҷанд "Моҷарои як саёҳат"-ро ба тамошобини тоҷик пешкаш кардааст.


Олимҷон Салимов мегӯяд, ки худ аз тоҷикони Узбекистон аст, аммо сӯҳбат бо забони тоҷикӣ барояш душвортар будааст.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net