Добавить новость
123ru.net
World News
Декабрь
2019

Ҳаҷми ҷарима ва пардохтҳо дар Тоҷикистон боло рафт

0
Аз 1-уми январи соли 2020 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт. Дар се соли ахир ин бори севвум аст, ки мақомот ҳаҷми ҷаримаҳоро боло мебаранд ва сабаби онро ҳам ба беқурбшавии пул рабт медиҳанд.


Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо", шумурда мешавад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 55 сомонӣ аст. Аз соли нав он 58 сомонӣ мешавад. Ин тағйирот дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 ворид шудааст, ки рӯзи 22-юми ноябр аз тарафи вакилони порлумон тасвиб гардид. 


Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, сабаби боло бурдани ҳаҷми "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" ба таваррум ё беқурбшавии пул рабт дорад. Масъулини Сарраёсати буҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" аз рӯи меъёри таваррум ҳисоб мешавад". Ба ин хотир, ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳадафи аслӣ аз боло бурдани ҳаҷми ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ, ин таваррум ё беқурбшавии асъор аст.


Ҳамин тавр, бар асоси тағйироти нав ҳама намуди ҷаримаҳо -- шурӯъ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук, зиёд мешаванд. Барои мисол, агар ҷарима барои сурх гузаштан аз чароғаки роҳ то ин вақт 275 сомонӣ буд, аз моҳи январ ронандагон барои чунин қонуншиканӣ 290 сомонӣ пардохт мекунанд. Баъзе намуди боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад ва нархҳои онҳо низ гарон хоҳад шуд.


Мавзуи гарон будани ҳаҷми ҷаримаҳо бо назардошти вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки сокинон дар пайи ҷаримаҳои ҳангуфт даст ба худкушӣ заданд.


Аз ҷумла, имсол Олимхӯҷа Муҳаммадиев, сокини миёнсоли ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудан худкушӣ карда буд. Мақомот ӯро барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани мошини писараш ин миқдор ҷарима карда буданд.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net