Добавить новость
123ru.net
World News
Ноябрь
2019

ДОИШ масъулияти ҳамла дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро ба уҳда гирифт

0
Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи маргбори 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистонро ба уҳда гирифт. ДОИШ рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" иддао кард, ки дар ҳамла даҳ сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштаанд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо ду нафар эълон карданд.


Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса панҷ марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд. 


Нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар оғоз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро кори ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" хонд.  Масъулон гуфтанд, 20 ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр "бо дастури вижа аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд".






"Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", -- омадааст дар изҳороти рӯзи 6-уми ноябр. 


Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар задухӯрд 15 ҷангҷӯи гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро кушта, панҷ нафари дигарро дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи дастгиршудаҳоро 4 нафар гуфт.


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон инчунин гуфт, ин афрод ҳангоми ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат, дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст. Вазорат рӯзи 6-уми ноябр чанд акси ҷои ҳодисаро нашр кард, вале дертар онро пок намуд. 






Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса тафсилоти дигар дар даст нест. Мақомот ба суолҳо посух намегӯянд ва таъкид мекунанд, ки таҳқиқ идома дорад. 


Дар бештар аз як соли ахир гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти чаҳор ҳамлаи маргборро дар Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст.


Дар ҳодисаи аввале, ки ДОИШ даст доштани худро эътироф кард, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара буд, ки бар асари он чаҳор нафар кушта шуданд. Баъдан ДОИШ масъулияти ташкили ошӯбҳои хунин дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдатро кори дасти худ хонд.






Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро созмони террористӣ эътироф кардааст ва то кунун даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз ин созмон ё ҳамдастӣ бо он боздошту зиндонӣ шудаанд. Мақомот соли гузашта гуфтанд, тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи ин гуруҳи даҳшатафкан пайвастаанд. 





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net