Добавить новость
123ru.net
World News
Ноябрь
2019

Зилзила дар Эрон. 5 нафар ҷон бохт ва садҳо тан маҷрӯҳ шуд

0
Бино ба гузоришҳо, зилзилаи 5,9-дараҷаӣ минтақаи Тарки вилояти Озарбойҷони шарқии Эронро такон додааст. Ба гузориши ИРНА-- хабаргузории давлатии Эрон, заминларза соати 2:17 дақиқа ва 3 сонияи шаби ҷумъа рух додааст.


Тарк яке аз ноҳияҳои вилояти Озарбойҷони шарқӣ аст. Маркази зилзилашиносии Донишгоҳи Теҳрон гуфтааст, ин заминларза ба иловаи Озарбойҷони шарқӣ, вилоятҳои Озарбойҷони ғарбӣ, Гелон, Занҷон ва Ардабилро ҳам такон додааст.


Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки то ба ҳол панҷ нафар ҷони худро аз даст дода, 332 нафар ҳам захмӣ шудаанд. Мақомот гуфтаанд, ки имкон дорад, ки шумораи ҳалокшудагон ва захмиён афзоиш ёбад.


Масъулон дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ гуфтаанд, ки бар асари зилзила ду мавриди сӯхтор ва дар чанд маврид резиши девор гузориш шудааст. Бар асари ин ҳодиса садҳо манзил фурӯ рафта ва резиши кӯҳҳо дар ҷодаҳо гузориш шудааст. 


Илова бар инҳо, гузориш шудааст, ки чанд пасларзаи қавӣ низ баъд аз заминларзаи аслӣ сабт шудааст, ки қувваи яке аз онҳо ҳадди ақал 4 дараҷа будааст.


Раиси вилояти Озарбойҷони шарқӣ субҳи ҷумъа гуфт, аз 80 деҳаи минтақаи зилзилазада то кунун 65 деҳа арзёбӣ шудааст. Муҳаммадризо Пурмуҳаммадӣ афзудааст, ки ҳади ақал 400 хонаи истиқоматӣ осеб дидаанд. 


Муртазо Салимӣ, раиси Созмони имдод ва наҷоти Ҳилоли Аҳмар гуфтааст, ҳеҷ деҳае 100 дарсад тахриб нашудааст ва хисорот дар рустоҳо нисбат ба наздикии маркази зилзила фарқ мекунад.


Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", ин заминларза ба муддати 10 сония идома кард ва шиддати он боиси тарсу ваҳшати мардум дар вилоятҳои Озарбойҷони шарқӣ, Гелон ва Ардабил шуд. Ин зилзила дар вилоятҳои Озарбойҷони ғарбӣ ва Занҷону Қазвин ҳам эҳсос шуд.


Мақомот дар вилояти Озарйбойҷони шарқӣ гуфтаанд, ки бемористонҳо дар ин вилоят дар ҳоли омодабош қарор гирифтаанд.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net