Дар Узбекистон як зан раиси Сенат шуд
Норбоева дар мақоми муовини нахуствазир ва раиси Кумитаи давлатии занон кор карда рӯзи 20 июн аз ҷониби президент Шавкат Мирзиёев барои раҳбарии Сенат пешбарӣ шуд. Дар Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон буд, ки нахустин шуда як зан – духтари президенти собиқ Дариға Назарбоеваро ба мақоми раиси маҷлис таъин кардааст.
Раиси собиқи Сенати Узбекистон Неъматулло Юлдошев рӯзи 20 июн ба мақоми додситони кулли Узбекистон таъин гардид.
Юлдошев дар ин мақом Отабек Муродовро иваз кард, ки бо қарори президент аз вазифааш сабукдӯш шуд. Мирзиёев рӯзи 21 июн дар Сенат гуфт, ки Муродов расман дар гирифтани пора мутаҳҳам мешавад.
