Фаъолони Бишкек зидди фасодкорӣ тазоҳурот мекунанд
"Агар мо ҳозир даст ба иқдомҳои ҷиддӣ назанем ва ислоҳотро талаб накунем, дар мо чизе тағйир нахоҳад ёфт. Шумо аз мубориза бо фасод қонеъ ҳастед? Аз фаъолияти Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон қаноатмандед? Шумо розиед, ки миллионҳо будҷаро давр бизананд ва ҳама муборизаҳо бо таъқибҳои сиёсӣ бианҷоманд?",-суол гузоштааст ӯ.
Ҳомии ҳуқуқи қирғиз аз сокинони норозии кишвараш даъват кардааст, ки барои баргузории тазоҳуроти осоишта таҳти шиори "Ба хотири муборизаи воқеӣ бо коррупсия" 3-юми июн дар майдони Бишкек ҷамъ шаванд.
"Дар давоми як соат ба президент ва порлумон нишон хоҳем дод, ки аз шеваи мубориза бо коррупсия дар кишвар розӣ нестем. Хоҳиш мекунам, ин иттилоъро ба дигарон ҳам расонед",-навиштааст Карасартова.
