Намояндаи "Қабулгоҳи мардумӣ"-и президенти Ӯзбекистон ҳангоми порагирӣ боздошт шуд
Дар ин бора рӯзи 18 октябр вебсайти бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.
Намояндаи "Қабулгоҳи мардумӣ"-и президент К.Н. ба як соҳибкори маҳаллӣ ваъда додааст, ки дар ивази 14 ҳазор доллар барояш қитъа замин ҷудо хоҳад кард. Намояндаи "Қабулгоҳи мардумӣ" ҳангоми гирифтани маблағ боздошт шуд.
Дар ҳоли ҳозир нисбати боздоштшуда бо моддаи "Қаллобӣ" ва "Порагирӣ" парванда боз шудааст.
