Добавить новость
123ru.net
World News
Август
2018

Даъвати 12 созмон ба озодии Хайрулло Мирсаидов

0
Дар як изҳороте, ки рӯзи 13 август аз номи гурӯҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон нашр шуд, аз дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тақозо шудааст, ки ба озод шудани журналист Хайрулло Мирсаидов аз зиндон пофишорӣ кунанд. Дар изҳорот аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо шудааст, ки дар остонаи бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов дар додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Хуҷанд, аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайдушарти журналист ва эҳтиром ба озодии баён тақозо шавад.


Зери ин изҳорот 12 созмон, аз ҷумла, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Freedom House, Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинк, Гузоришгарони бидуни марз, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (NANSMIT) ва дигарҳо имзо гузоштаанд.


Баррасии шикояти Хайрулло Мирсаидов дар додгоҳи шарҳи Хуҷанд рӯзи 15 август шурӯъ шуда чанд рӯз идома мекунад. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.  Додраси парванда дар қарори худ гуфт, ки Мирсаидов дар маҷмӯъ аз рӯи се моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълон мешавад. Бо қарори додгоҳ, аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ" "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум гардид.


Вакилони дифои ӯ ин ҳукмро “номунсифона” ва “хеле сангин” номиданд ва рӯзи 18 июл ба додгоҳ аризаи кассатсионӣ карда, бозбинии онро тақозо намуданд. Қабл аз он, 16 июл хонаводаи Хайрулло Мирсаидов ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд ва изҳори умед карданд, ки ба зудӣ озод шавад. Хонаводаи Мирсаидовҳо бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13,5 ҳазор доллар) маблағро, ки дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр мешуд, супурданд.


Ҳомиёни ҳуқуқи Мирсаидов мегӯянд, ки шикояти журналист аз вуҷуди фасод боиси ба мӯҳлати тӯлонии зиндон ва ҳам маҳбаси низомаш шадид маҳкум шудани ӯ гардид.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net