Добавить новость
123ru.net
World News
Июль
2018

Ҳомиёни ҳуқуқ ба Аврупо: Аз Тоҷикистон мурооти ҳуқуқи маҳбусонро тақозо кунед

0
Чор созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомоти аршади Иттиҳодияи Аврупо ва Комиссиюни Аврупо тақозо карданд, ки дар робита бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд, то ки ин кишвар дар амри иҷрои ӯҳдадориҳояш дар масъалаи мурооти ҳуқуқи башар ҷиддан амал кунад. Муроҷиатномаи рӯзи 23 июл ба унвонии Федерика Могеринӣ, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва раҳбарияти Комиссиюни Аврупоро созмонҳои Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинки, Freedom Now ва Мудофеони ҳуқуқҳои маданӣ (Civil Rights Defenders) имзо кардаанд.


Дар муроҷиати онҳо аз сарнавишти зиндониҳои сиёсӣ – Муҳаммадалии Ҳаит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов, Далер ва Фирӯз Табаровҳо ва Хайрулло Мирсаидов ёдоварӣ шудааст. Аз ҷумла, аз мақомоти Аврупо дархост шудааст, ки талаби озод кардани Ёров, Ҳаит, Саидов ва Мирсаидовро аз мақомоти тоҷик тақозо кунанд.


Талаби дигар – имкони боздиди онҳо дар зиндон, хатми азияти наздикони ин маҳбусон ва муҷозоти мақомоти ҷудогонаи муттаҳам дар шиканҷаи зиндониён мебошанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Иттиҳодияи Аврупо хостанд, ки мавзӯи беҳбуди ҳуқуқи башарро ҳамчун шарти идомаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ пеш гузорад. Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо дар фосилаи солҳои 2014 то 2020 қарор аст аз Иттиҳодияи Аврупо 251 миллион евро кӯмак дарёфт кунад ва ин маблағҳо, ба андешаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, бояд ба шарти иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон тақдим шаванд.


 


Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон батаъкид гуфтаанд, ки ин ва дигар афроде, ки ба унвони зиндониҳои сиёсӣ ёд мешаванд, на бо иттиҳомоти сиёсӣ, балки барои нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон пушти панҷара рафтаанд. Рӯзи 19 июл ҳам Омбудсмени тоҷик Зариф Ализода батакрор дар нишасти хабариаш дар Душанбе гуфт: “Дар Тоҷикистон зиндониҳои сиёсӣ нестанд”.


Ҳукми журналист Хайрулло Мирсаидовро фаъолони ҳуқуқ яке аз охирин ҳодисаҳои бо ангезаҳои сиёсӣ муҷозот шудани як шаҳрванди Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Мирсаидов бо ҳукми рӯзи 11 июли додгоҳи Хуҷанд ба 12 соли зиндон маҳкум шуд ва наздикону ҷонибдоронаш ин ҳукмро ноодилона ва дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд.


Дар изҳороти намояндаи ИМА дар шӯрои доимии САҲА дар Вена ҳам рӯзи 19 июл ҳукми Мирсаидов  “намунаи фишори афзоянда болои озодии матбуот дар Тоҷикистон” унвон шудааст. “Мо аз мақомоти тоҷик тақозо мекунем, ки ҳукми Мирсаидов бозбинӣ шавад”, гуфт намояндаи ИМА дар САҲА.


Додгоҳи Хуҷанд гуфт, ки  гуноҳҳои Мирсаидов аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон исботи худро ёфт ва ӯ барои "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" ба зиндони низомаш сангин маҳкум мешавад. Ин ҳукм интиқодҳои зиёди дипломатҳои хориҷӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва маҳфилҳои журналистии Тоҷикистонро ба бор овард.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net