Як сокини Бохтар чоргоник ба дунё овард
Зарина ва шавҳараш Фаррух Субҳонқулов донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мебошанд. Ҳардуи онҳо сокинони шаҳри Бохтар буда ва соли 2017 издивоҷ кардаанд.
Зарина ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз аз замони 12-ҳафтаинаи бордорӣ, медонист, ки дар батнаш чаҳор тифл дорад. Ин модари ҷавон мегӯяд, манзили зисти алоҳида надоранд ва дар хонаи хушдоманаш дар оилаи бузург зиндагӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик рӯзи 26-уми май эълон карданд, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион расид.
Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.
Тоҷикистон аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар минтақа дар ҷои аввал аст. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст.
