Добавить новость
123ru.net
World News
Май
2018

Баъди се соли таваққуф: сохтмони "шаҳраки чинӣ" аз сар гирифта мешавад

0
Ширкати чинии “Ҳусноро-1” пас аз се соли таваққуф билохира корҳои омодагӣ ба бунёди манзилҳои баландошёнаи “шаҳраки чинӣ” дар Хуҷандро аз сар гирифт.


Ин ширкат тобистони соли 2015 манзилҳои зисти заминии сокинони хиёбони Раҳмон Набиеви маркази вилояти Суғдро бо ваъдаи ин ки баъди як сол ба онҳо калиди манзилҳои нави хонаҳои бисёрошёнаро хоҳад дод, вайрон карда буд. Тӯли 3 сол ҳудуди 30 оила ба умеди манзилҳои наву замонавӣ дар хонаҳои иҷора зиндагӣ доранд.


Қабл аз оғози кори ҳамвор кардани ҷои сохтмон раиси шаҳри Хуҷанд ҳамроҳи раҳбари ширкати чинии “Ҳусноро-1” бо сокинони маҳали сохтмон мулоқот карданд ва сабаби таъхир дар сохтмони деринтизорро шарҳ доданд. Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 21 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мулоқоти деринтизор охири ҳафтаи гузашта анҷом гирифт ва Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳузури сокинон ба шурӯи сохтмон иҷоза дод. Ӯ афзуд:


“Раиси шаҳр ба сокинон паём дод, ки тарҳи биноҳои бисёрошёна баъди ворид кардани тағйир чанд марҳалаи ташхисро гузашта дар марҳалаи ба тасдиқ расидан аст. Дар ҳоли ҳозир ҳамвор ва омода кардани ҷои сохтмон идома дорад.”


Ба қавли ӯ, Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд сабаби таъхир дар сохтмони шаҳраки чиниро ба “номувофиқатии талаботи меъёрҳои сохтмон” рабт додааст, ки дигар ислоҳ карда шудааст. Ҳамчунин ӯ сокинонро дилпур кардааст, сохтмони шаҳраки чинӣ зери назари раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад ва ба анҷом расонида хоҳад шуд.




Ин тарҳ се сол пеш, замоне рӯи даст гирифта шуд, ки ҷаноби Аҳмадзода вазифаи раиси шаҳри Хуҷандро бар дӯш дошт. Ван Рен Лин, раҳбари ширкати чинии “Ҳусноро-1” ба навбати худ дар мулоқот бо сокинон гуфтааст, ширкаташ талош хоҳад кард, ки тарҳ зудтар ба тасвиб бирасад, то ба сохтмони биноҳо барои сокинон сар кунанд. Раҳбари ширкати чинӣ баъд аз он назди сокинони бехонамондаи Хуҷанд ҳозир шуд, ки моҳи январи соли равон дар пайи арзу доди зиёди сокинон шаҳрдории Хуҷанд се намояндаи маҳаллаи мазкури Хуҷандро барои як ҳафта ба Чин фиристод.


Онҳо бо раҳбари ширкати “Ҳусноро-1” вохӯрда, аз ӯ ваъда гирифтанд, ки дар Хуҷанд барои сокинони манзилҳояшон аз суи ин ширкат вайроншуда бинои истиқоматӣ месозад. Рӯзи 21 май, ки ба маҳали сохтмон рафтем, он ҷо як трактори тасмачарх амини сохтмони “шаҳраки чинӣ”-ро ҳамвор мекард. Сайдулло Кабиров, сардори кумитаи маҳаллаи “1 май" яке аз нафаронест, ки дар ҷустуҷӯи ширкати “Ҳусноро - 1 “ ба Чин рафта буд. Ӯ рӯзи 21 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, умеди шикастаи сокинони бехонаро дубора бедор кард:


“Онҳо ваъда доданд, ки то бинои истиқоматиро cохта, ба мо хонаҳоро буд карда надиҳанд, ба кишварашон барнамегарданд. Ин моро хотирҷамъ кард.”


Соли 2015 ҳукумати Хуҷанд бо ширкати "Ҳусноро-1” рӯи сохтмони “шаҳраки чинӣ” дар соҳили рӯди Сир, дорои биноҳои 12 -18 табақа, мактабу мағозаҳо ва иншооти дигари иҷтимоӣ , дар маҷмӯъ барои 1200 хонавода тавофуқ карданд. Кор зуд ва бо ҷушу хурӯш, нахуст бо харобу ҳамвор кардани манзилҳои ҳудуди 30 хонавода дар ҷои сохтмон оғоз ва таваққуф ёфт. Дар тӯли 3 сол мақомот сабаби таъхирро равшан шарҳ надода, ба мушкили таҳияву тасдиқи лоиҳа рабт медоданд. Ҳамакнун ба қавли дастандаркорони ин барнома, ин мушкил рафъ гардида, роҳ барои сохмони шаҳраки чинӣ боз шудааст.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net