Добавить новость
123ru.net
World News
Март
2018

Таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар маркази Суғд. ВИДЕО

0
Субҳи 21-март, рӯзи нахустини соли хуршедӣ, ҳазорон сокини вилояти Суғд ба маъракаи таҷлил аз Наврӯз ба боғи Камоли Хуҷандӣ рафтанд. Муҳаммадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар ин маросим аз ҷойгоҳи вижаи Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон ситоиш кард.


Ӯ гуфт, “Наврӯз на танҳо ҷашни шодмонӣ, балки мояи ифтихору сарфарозӣ ва муаррифгари таъриху фарҳанги бузурги мо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.” Ӯ сокинонро даъват кард, барои ба ҷаҳониён нишон додани ин фарҳанги бостонӣ манзили худ ва гирду атрофи онро ободу зебо гардонанд.


Аксҳои бештар дар инҷост: 







Бо таъкиди онки 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ” эълон шудааст, гуфт, дар ҳоле ки деҳоти тоҷик  меҳмонхонаҳои муосир барои қабули сайёҳон надоранд, сокинон метавонанд ҳуҷраҳоеро дар манзили худ бо ороишоти миллӣ барои ҷаҳонгардон фароҳам кунанд.   


Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳангоми суханронии худ аз зарурати ҳифзи ҷашни Наврӯз, ки аз қаламрави Тоҷикистон берун рафта, ба як иди байналмилалӣ табдил ёфтааст, ба ҳифзи маросиму суннатҳои он таъкид кард. Ӯ бо ёдоварӣ аз онки аз давраҳои аввали ба Ислом гароидан миллати тоҷик аз ҷашнҳои ниёкони худ даст накашид ва то рӯзҳои мо гиромӣ медорад, гуфт: “Мардуми тоҷик алорағми таҳдиду фишор ва манъи гурӯҳҳои мухолифи таҷлил аз Наврӯз гоҳе ошкор, гоҳе пинҳон ин Иди ниёконро истиқбол мегирифтанд ва мегиранд.”   




Ҳазорон сокинони Суғд ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба сайругашти наврӯзӣ баромада буданд. Имсол бо фарқ аз солҳои пеш занону духтароне, ки ҷомаву камзулҳои адрасу атлас ба бар карда буданд, зиёд ба чашм мерасиданд.


Рӯзи 21-уми март дар тамоми шаҳру марказҳои ноҳияҳои Суғд ҷашнҳои Наврӯзӣ доир гардиданд. Рӯзи 22-юми март дар Ипподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи миллии пойга ва бузкашӣ доир мегардад. Ин мусобиқа барои иштироки тамоми хоҳишмандон аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя боз аст. Солҳои қаблӣ дар чунин пойгаву бузкашиҳо човандозҳои қирғиз низ иштирок мекарданд. Имсол, ки сарҳад бо Узбекистон боз гардид,  интизор меравад барои ширкат дар пойгаву бузкашӣ човандозҳои узбек низ ба Суғд биёянд.


Рӯзи 27-уми март баргузории ҷашни умумиҷумҳуриявии Наврӯз дар Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки раисҷумҳур  - Эмомалӣ Раҳмон  дар назар аст.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net