Добавить новость
123ru.net
World News
Февраль
2018

"Дуредгар шеъру оҳанг эҷод мекунад... каланд месозад"

0
Дар Тоҷикистон беш аз сад номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ аз пардохти андоз комилан озод шуданд.

Мардуми мо маҳсулоти косибони худамонро аз Чин фарқ мекунанд. Чунки моли чинӣ сунъӣ аст ва таровату зебоии моли аслиро надорад. Аммо анвои зиёди маҳсулоти косибӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки аз Узбакистон ба бозорҳои мо ворид мешаванд,  сифати хуб дошта, нисбатан арзон ҳастанд
Адрасбофию шероздӯзӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ ва наю рубобсозӣ аз ҷумлаи 104 номгӯи ҳунару касбҳое шуданд, ки аз пардохти молиёт озод шуданд. Ин қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 60 содир гардидааст. Бар иловаи ин имтиёз косибон, инчунин, аз гирифтани патент ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ ҳам халос шуданд.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Ҳукумат бо додани имтиёз ба косибон мехоҳад, аз як тараф касбҳои куҳанро аз нобудӣ наҷот диҳад ва аз сӯи дигар барои як идда косибон имкони фаъолият карданро фароҳам созад.

Чун бархе аз касбҳое, ки дар инҷо зикр шудаанд, аз ҷумла “кошинпазӣ”, “хотамкорӣ”, “хурмасозӣ”, “чолбандбофӣ” барои аксар сокинон махсусан ҷавонон ноошно аст. Як пурсиши сарироҳии мо дар шаҳри Душанбе инро собит кард.

Назари мардум: Кадоме аз ҳунарҳои мардумиро медонед?

 

Аҷубаҳои косиби истаравшанӣ

Косибон мегӯянд, аз рӯи ин пешаҳо даромади чандоне надоранд, аммо озод шудан аз молиёт онҳоро ба пешаашон бештар дилгарм хоҳад кард.

Эргашбой Ғафуров
​Эргашбой Ғафуров, сокини ноҳияи Истаравшан, яке аз даҳҳо косибони Тоҷикистон аст. Касби аҷубасозиро аз бобову бобокалонаш ба мерос гирифтааст. Ӯ гуфт, “мо дар давраи Шӯравӣ пинҳонӣ дар хона ин касби бобоиамонро давом медодем. Чун дар он давра ба соҳибкорӣ машғул шудан мумкин набуд. Бо соҳибистиқлол шудани кишварамон кори мо ривоҷ пайдо кард.” 

Косибоне ба мисли Эргашбой Ғафуров то кунун бо гирифтани патент фаъолият мекарданд. Андози ҳармоҳаи аксар косибон 180 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуда буд.

Эргашбой Ғафуров ҳамроҳ бо фарзандонаш дар ҳавлии худа дар Истаравшан аз сафол “сувенир”, аҷуба ва хиштакҳои сафолин омода мекунад. Ӯ гуфт, “хонаводаи мо кӯлолгар аст. Волидонам аз сафол косаву табақ ва ҳар гуна зарфҳо омода мекарданд. Ҳоло ин гуна маҳсулот чандон харидор надорад. Бинобар ин, аҷуба, бозичаҳои сафолини аҷоибро месозам. Ҳамаи маҳсулоти мо аз гил аст ва мо онро дар хумдоне, ки аз бобоям мерос мондааст, мепазам.”

Харидорон - сайёҳони хориҷӣ

Харидорони аслии аҷубаҳои Ғафуров бештар сайёҳони хориҷианд. Ӯ мегӯяд, мардуми таҳҷоӣ чандон ба аҷубаҳои сафолини ӯ таваҷҷуҳ надоранд ва барои тифлони худ аксар вақт лӯхтаку бозичаҳои пластмасии сохти Чинро мехаранд. Ҳол онки бозичаву аҷубаҳои сохтаи Ғафуров ҳамагӣ аз гил омода шуда, барои сиҳатии тифлон ба фарқ аз пластмасса зиёне надорад.


Сарозер шудани маҳсулоти арзони сохти Чин ба Тоҷикистон бозори бисёре аз маҳсулоти косибонро ҳатто дар бозори дохилӣ танг кард. Тоҷирон айни замон ба бозорҳои Тоҷикистон, шурӯъ аз досу табар, болғаву теша то тоқиву шерозпочаи сохти Чинро ворид мекунанд, ки то кунун ин намуди маҳсулотро танҳо косибони маҳаллӣ истеҳсол мекарданд. Ҳарчанд маҳсулоти сохти Чин сифати баланд надорад, нархи арзон онҳоро дар бозор рақобатпазир мекунад.

Косибон мегӯянд, озод шудан аз пардохти андоз як сарбориро аз дӯши онҳо холӣ мекунад ва дар рақобат бо молҳои Чин тавонотар хоҳанд шуд. 

"Мардум моли чиниро мешиносад"

Нигина Икромова, роҳбари анҷумани косибону ҳунармандон дар Тоҷикистон, рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон рақиби асосии косибони Тоҷикистон на маҳсулоти Чин, балки моли истеҳсоли Узбакистон аст. “Ҳоло мардуми мо маҳсулоти косибони худамонро аз Чин фарқ мекунад. Чунки моли чинӣ сунъӣ аст ва таровату зебоии моли аслиро надорад. Аммо анвои зиёди маҳсулоти косибӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки аз Узбакистон ба бозорҳои мо ворид мешаванд,  сифати хуб дошта, нисбатан арзон ҳастанд”, - гуфт ӯ.   

Икромова афзуд, ҳоло аксар дӯконҳои моли ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти сохти Узбакистонро мефурӯшанд. Ӯ гуфт, аз молиёт





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net