Навзодҳо дар Покистону Афғонистон ба хатари марг рӯ ба рӯ мешаванд
Гузориш мегӯяд, бо вуҷуди пешрафти кӯмаки тиббӣ, 7 ҳазор навзод дар кишварҳои фақир ҳамарӯза мемиранд.
ЮНИСЕФ мегӯяд, шанси зинда мондани кӯдакҳое, ки дар Ҷопон, Ирлания ва Сингапур таваллуд мешаванд, 50 баробар бештар аз имкони кӯдакҳоест, ки дар кишварҳои фақир ба дунё меоянд.
"Ҳамасола 2,6 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон, дар моҳи аввали зиндагӣ аз дунё мегузаранд",- гуфт Ҳенриетта Фор, мудири иҷроияи Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон. "Бо назардошти қобили пешгирӣ будани бисёри ин маргумир, рӯшан аст, ки мо дар баробари кӯмак ба кӯдакҳои кишварҳои фақир ноком шудаем",- афзӯд мақомдори ЮНИСНФ.
Дар гузориш омадааст, ки бисёр навзодҳо на ба иллати тиббӣ, балки аз сабабе мемиранд, ки дар оилаҳои фақир ба дунё омадаанд ва ё аз кӯмаки тибӣ маҳрум ҳастанд.
