Добавить новость
123ru.net
World News
Январь
2018

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ боз шуд

0
Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, ки бар асари резиши беш аз ҳадди зиёди сангреза дар минтақаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) масдуд шуда буд, барои рафтуомади нақлиёт боз шудааст.


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва мақомоти ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи гузашта роҳ қисман ва имрӯз пурра ба истифода дода шуд. Тайи се рӯзи ахир бар асари резиши санг ҳаракати мошинҳо дар ин масир масдуд шуда буд.


Асомуддин Шокиров, муовини раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар умури сохтмон рӯзи сешанбеи 11-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ҳамаи навъҳои мошинҳо аз ин қитъаи роҳ ҳаракат мекунанд. Вай афзуд, ҳоло ҳам резиши сангреза мушоҳида мешавад ва ба ин хотир, дар ин қитъа ҳаракати мошинҳо зери назорат аст.


Ба гуфтаи вай, дар инҷо гурӯҳи наҷотбахшони Кумитаи фавқулодда ва масъулони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ ҳузур доранд. Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ гуфтанд, ки то замони бартараф шудани хатари резиши санг, вазъро назорат мекунанд. 


Шомгоҳи 8-уми январ бар асари резиши санг дар ин маҳал, як сокини ноҳияи Рӯшон ҷон бохта, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. 


Ин роҳ дар фасли сармо ягона масирест, ки пойтахтро ба вилояти Бадахшон мепайвандад. Молу коло аз Чин низ аксаран аз тариқи ҳамин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад.





Загрузка...


Губернаторы России

Спорт в России и мире

Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса

Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире




Путин в России и мире

Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.






Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...





Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net