Главные новости Саранска
Саранск
Октябрь
2019

Вазъи се муҳоҷири тоҷик дар зиндони Русия баъд аз қасди худкушӣ

0
Вазъи се муҳоҷири тоҷик дар зиндони Русия баъд аз қасди худкушӣ

Се шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар ҷумҳурии Мордавия, ки бист рӯз пеш қасди худкушӣ карданд, вазъияташонро "хуб" арзёбӣ намудаанд. Онҳо рӯзи 23-юми октябр дар мулоқот бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтаанд, бадрафтории зиндонбонҳо ҷонашонро ба лаб оварда буд. Мақомоти зиндони рақами 22-и Мордавия гуфтаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои поймол кардани тартибот ба утоқи ҷаримавӣ андохтанд.  

Қаблан пайвандони Мирзоалӣ Шоҳинови 35-сола, Мирмуҳаммад Шералиеви 33-сола ва Тоҷиддин Шерови 32-сола ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ин се нафар рӯзи 4-уми октябр бо нишони эътироз аз фишору азияти кормандони зиндон раги дастони худро буридаанд. Мақомоти зиндон ба зангҳои батакрори мо дар робита ба ин ҳодиса посух надоданд.

Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони консулгарӣ бо 18 маҳбуси тоҷик, аз ҷумла се нафаре, ки қасд ба ҷони худ карда буданд, сӯҳбат карданд. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, дар дасти Тоҷиддин Шеров, сокини шаҳри Душанбе пайи захм дида мешуд.

Ӯ ба дипломатҳо гуфтааст, воқеан бинобар бархӯрди нодурусти зиндонбонҳо бо нишони эътироз қасди худкушӣ кард, вале ба табобат фаро гирифта шуд ва ҳоло вазъаш хуб аст.

Мақомоти зиндон ба дипломатҳо гуфтаанд, ҳеҷ гоҳ бархӯрди нодуруст накардаанд, балки барои нақзи қоидаҳои маҳбас ин се маҳбусро дар утоқи ҷаримавӣ андохтаанд. Тоҷиддин Шеров ҳанӯз дар утоқи ҷаримавии маҳбас нигаҳдорӣ мешавад.

Мирзоалӣ Шоҳинов ва Мирмуҳаммад Шералиев, ду маҳбуси дигар бо дипломатҳо зиёд сӯҳбат накардаанд ва танҳо гуфтаанд, ки ҳоло вазъашон хуб аст. Маълум нест, сӯҳбати маҳбусони тоҷик дар дохили зиндон зери чӣ шароите сурат гирифтааст. 

Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа афзуд, сӯҳбат бо се маҳбус дар алоҳидагӣ буд. “Ҳоло саломатиашон хуб аст. Маъмурияти ҳабсхона гуфтаанд, ин се нафар чанд бор тартиботи дохилиро вайрон карданд. Маҳбусон гуфтанд, ки мақомоти зиндон ба намозхониашон эрод мегирифтанд ва нофаҳмӣ сари ҳамин буд”,-- гуфт ӯ.

Дар муассисаи ислоҳии рақами 22-и ҷумҳурии Мордовия наздики сад маҳбуси тоҷик нигаҳдорӣ мешавад.

Мавлуда Саидова, холаи Тоҷиддин Шеров, яке аз маҳбусоне, ки гуфта мешавад, қасд ба ҷони худ кардааст, рӯзи 24-уми октябр гуфт, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ ва таваҷҷӯҳи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ин ҳодиса бархӯрди зиндонбонҳо бо маҳбусони тоҷик як андоза тағйир кардааст.

Тоҷиддин Шеров, сокини шаҳри Душанбе, соли 2012 бо иттиҳоми “пинҳон кардани 2,5 грамм маводи мухаддир” боздошт ва ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буд. То замони боздошт ӯ дар Маскав ронандаи таксӣ буд. Пайвандонаш мегӯянд, ба ин иттиҳом бовар надоранд. То замони адои ҳукмаш ним соли дигар мондааст. 

Мирмуҳаммад Шералиев, сокини шаҳри Норак низ соли 2013 бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир боздошт ва ба 13 сол зиндон маҳкум шуд. Мирзоалӣ Шоҳинов маҳбуси дигар низ бо айни иттиҳом дар зиндон қарор дорад.

Наздикони маҳбусон қаблан гуфта буданд, ки шароити маҳбас бад аст ва муҳоҷирон зери азияти пайвастаи бархе аз кормандони зиндон қарор доранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба мақомҳои гуногуни Раёсати зиндонҳои ҷумҳурии Мордовия занг зад. Як намояндаи муассисаи ислоҳии рақами 22-и ҷумҳурии Мордовия дар тамоси телефонӣ гуфт, дар бораи шароити маҳбусон “тариқи телефон сӯҳбат намекунад ва бояд мактуб фиристед”.

Дар зиндонҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Аз шароити нохуби онҳо зуд-зуд гузоришҳо нашр мешавад. Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ҳамасола ба Русия мераванд.

Дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, нақзи қонунҳои Русия ва куштор боздошту зиндонӣ мешуданд. Аммо аз соли 2013 ба ин тараф хабарҳо дар бораи дастгир шудани муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм афзудааст.

Бархе аз ин афрод ба кишвар истирдод ва аксаран дар ҳудуди Русия муҳокима мешаванд.






Загрузка...


Глава Мордовии Артём Здунов
Мордовия

Артём Здунов обсудил ситуацию в Ковылкинской и Инсарской ЦРБ с медперсоналом и местными жителями


Спорт в Мордовии
Мордовия

Мордовские волейболисты - серебряные призеры Первой лиги


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

П’ять українок отримали суперниць в основі турніру WTA 1000 в Мадриді: результат жеребкування


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в Мордовии
Мордовия

В Мордовии остановили огонь в 20 метрах от леса





Путин в Мордовии
Москва

Тема дня: Путин назвал сохранение духовных ценностей условием укрепления суверенитета


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

VII Всебелорусское народное собрание: основные заявления Александра Лукашенко




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в Мордовии
Москва

В РПЦ отказались называть причины запрета в служении иерея Сафронова, отпевавшего Навального



Здоровье в Мордовии


Частные объявления в Саранске, в Мордовии и в России






Загрузка...

Загрузка...



Александр Розенбаум

Розенбаум высказался о пластических операциях



Саранск

20-летнему жителю Мордовии дали 15 лет тюрьмы за поджог подстанции

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net