123ru.net
World News in Tajik
Февраль
2021

Пашинян дар ҳалқаи тарафдоронаш кишварро ба оромӣ даъват кард

0
Пашинян дар ҳалқаи тарафдоронаш кишварро ба оромӣ даъват кард

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян аз сарбозон хост, ки «кори худро иҷро» ва кишварро, ба гуфтааш, аз «талоши кудатои низомӣ” дифоъ кунанд. Пашинян, ки рӯзи 25 феврал дар баробари тахминан 20 ҳазор тарафдораш дар майдони Республикаи шаҳри Ереван ҳозир шуд, хитоб ба мардум гуфт, ки намегузорад низомиҳо ҷилави қудратро ба даст бигиранд.

Пашинян  дар ҳалқаи сахти амниятӣ сӯҳбат мекард ва бори дигар талаби Ситоди кулли артиши Арманистонро дар бораи истеъфои ӯву ҳукумат рад намуд. Дар номае, ки ин ситод ба Пашинян ирсол кард, эътирози мақомоти низомӣ аз тасмим нахуствазир барои аз мақом барканор кардани муовини раиси ситоди кулл баён шудааст.

Имзои созиши сулҳи Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон ноябри соли 2020, ки ба ҷанги шашҳафтаинаи Еревану Боку нуқта гузошт, ҳукумати Пашинянро бо як бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ кард. Пеш аз он, ки  бо баландгӯяк ба тарафдоронаш муроҷиат кунад, Пашинян раиси ситоди кулли артиш Оник Гаспарянро ҳам ба истеъфо фиристод. Пашинян гуфт: “Вазъ пуртаниш аст”. Президент  Армен Саркисян, ки мақомаш бештар хусусият рамзӣ дорад, гуфт, ки дар талоши тадбирҳои сареъ аст, то ки нагузорад вазъ ба хушунат печад ва аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки аз хештандорӣ кор гиранд.

Пашинян баъди имзои созиши сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ мавриди интиқоди шадид дар дохили кишвар шуд. Созиши оташбас бо миёнҷигии Русия имзо шуда, ба ҷанги 44-рӯза дар минтақаи ҷудоиталаби Озарбойҷон хотима гузошт. Ин ҷанг бо бартарии низомии Озарбойҷон анҷомид, ки аз ҷониби Туркия пуштибонӣ дидааст. Пашинян назорат бар қаламравҳои баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳам ҳафт ноҳияи атрофи онро, ки баъди ҷанги аввали соли 1990 зери назари Арманистон буданд, аз даст дод. Ин чиз мояи норизоияти шадиди мардум ва мухолифон дар Арманистон шуд.

Русия ва Туркия аввал шуда ба вазъият дар Арманистон вокуниш карданд.

Кремлин, ки як муттафиқи деринаи Арманистон мебошад, гуфт, ки аз таҳаввулоти босуръат тағйирёбанда дар Ереван нигарон аст ва ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Бо ин вуҷуд, ки Туркияву Арманистон таърихан бо ҳам равобити мушкил доранд, Анкара гуфт, ки аз ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшудаи Пашинян ҳимоят мекунад.Мавлуд Човушоғлу, вазири хориҷаи Туркия  он чиро, ки “талоши кудато” дар кишвари ҳамсояи Арманистон номид, “ба шиддат маҳкум кард”.

Дар номае ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон истеъфои нахуствазир ва ҳукуматро талаб кард ва гуфт, ки тасмими қаблии нахуствазир барои барканории муовини раиси ситоди кулл “як хато буд”. Дар номаи низомиён омадааст, ки “нахуствазир ва ҳукумат дигар дар чунин як вазъияти ҷиддӣ барои мардуми Арманистон ба қабули қарорҳои муносиб қодир нестанд”. Маълум нест, ки то куҷо нирӯҳои мусаллаҳ хостори истифодаи силоҳ ва зӯр мебошанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, “мо таҳаввулоти Арманистонро бо нигаронӣ пайгирӣ мекунем”. Ӯ гуфт, “мо ҳамаро ба оромӣ даъват мекунем”.

20-уми феврал ҳазорҳо эътирозгарон дар Ереван, пойтахти Арманистон раҳпаймоӣ карда шиорҳои мисли “Арманистон бидуни Никол!” ва “Никол – хоин”-ро ба забон оварданд. Пашинян истеъфои пеш аз мӯҳлат аз мақомашро рад карда, вале ишора кардааст, ки имкони баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ вуҷуд дорад.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Мэр рассказал о ходе благоустройства на западе города


Спорт в России и мире
Москва

Расплата за расточительство! ФК «Оренбург» на домашнем поле уступил ФК «Динамо» (Москва) – 1:2


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Хромачёва и Бабош выиграли турнир WTA в Руане в парном разряде


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Мокрый фасад: как сделать отделку по технологии СФТК





Путин в России и мире
Москва

Владимир Путин поздравил ветеранов с 50-летием начала строительства Байкало-Амурской магистрали


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко рассказал о планах расширения НАТО




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Проводивший панихиду по Навальному* священник запрещен в служении



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Сергей Прокофьев

Мариинский театр исполнил оперу Прокофьева в честь дня рождения композитора



Москва

Назван топ популярных профессий для подработки на майские праздники

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net