123ru.net
World News in Tajik
Июль
2020

Путин барандаи ҳамапурсӣ барои идомаи раҳбарии худ то соли 2036 шуд

0
Путин барандаи ҳамапурсӣ барои идомаи раҳбарии худ то соли 2036 шуд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барандаи ҳамапурсии тағйири Қонуни асосии ин кишвар шуд, ки заминаро барои боқӣ мондани ӯ дар қудрат то соли 2036 фароҳам меоварад. 

Хабаругузории Олмон субҳи панҷшанбеи 2-юми июл ба нақл аз мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Русия гузориш дод, ки бо шумориши 98 дарсади оро, ҳудуди 78 дарсади ширкаткунандагон ба тарафдорӣ аз тағйири Қонуни асосӣ раъй додаанд.

Ба ин тартиб оқои Путин ҳаққи ширкат дар ду давраи дигар аз интихоботи президентиро ба даст хоҳад овард ва метавонад 16 соли дигар дар ин мақом боқӣ бимонад.

Владимир Путин аз ду даҳа ба ин тараф дар мақомҳои раиси ҷумҳур ва нахуствазири Русия кор кардааст ва пас аз Йосиф Сталин дарозтарин давраи раҳбариро дар тамоми даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия доштааст.

Ҳукумати Русия бо қуръакашӣ барои дарёфти манзили истиқоматӣ,  таблиғи афзоиши нафақапулӣ ва мамнуияти издивоҷи ҳамҷинсгароҳо, талош кард мардумро ба раъйдиҳӣ ташвиқ кунад. Рӯзи чаҳоршанбе ҳамзамон бо охирин рӯзи назарсанҷӣ, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии КОВИД-19 дар тули як ҳафта баргузор шуд, бо дастури Владимир Путин ба ҳама хонаводаҳое, ки дорои фарзанд ҳастанд, 10 ҳазор рубл (баробар ба 140 доллар) пардохт шуд.

Ба гуфтаи Комиисияи маркази интихобот, 60 дарсади афроди сабти номшуда дар раъйдиҳӣ ширкат карданд. Ҳади ақали мизони иштироккунандагон барои расмият ёфтани ин ҳамапурсӣ 50 дарсади муайяншуда буд ва ислоҳот низ дар сурати ба даст овардани ҳимояти аксарият (50 ба иловаи як) қабул мешавад.

Владимир Путин дар суханронии шаби гузашта ба таври мушаххас ба таъсири натиҷаҳои ҳамапурсӣ ба ҷойгоҳи худ дар қудрат ишора накард. Вале бо қабули ин ислоҳот ӯ пас аз поёни давраи феълии президентии худ дар соли 2024, метавонад дар ду интихоботи оянда ширкат кунад.

Оқои Путин мегӯяд, ҳанӯз дар мавриди нақши худ дар оянда тасмим нагирифтааст. Аммо бо ин ҳол мухолифони ӯ ба ин бовар ҳастанд, ки Путин дар интихоботи президентии баъдӣ ширкат мекунад. Тибқи назарсанҷие, ки аз сӯи муассисаи "Левада" анҷом шуд, мизони маҳбубияти Путин дар ҳоли ҳозир ҳудуди 60 дарсад аст. 

Бо дарназардошти паҳншавии коронавирус дар Русия, мухолифони ҳукумат натавонистанд тазоҳурот кунанд, вале бо пахши аксҳо ва изҳороти танзомез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ин назарсанҷӣ интиқод карданд. 

Ҳизби коммунисти Русия, яке аз аҳзоби мухолифи ҳукумат аз тарафдорони худ хоста буд дар ин ҳамапурсӣ алайҳи ислоҳот раъй диҳанд ва аз нақзи муқаррарот ва қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ низ интиқод кард.

Геннадий Зюганов, раҳбари и ҳизб гуфт, мардуми Русия бояд бо диққат дар мавриди идомаи сиёсатҳои Путин, ки боиси бад шудани вазъи иқтисодии кишвар шуд, тасмим бигиранд.

Путин таъкид карда буд, ки хостори баргузории як раъйгирии шаффоф ва бидуни тақаллуб аст ва масъулони Комиссияи марказии интихоботи Русия низ гуфта буданд, ки раъйдиҳӣ бидуни қонуншиканӣ баргузор хоҳад шуд.

Аммо  "Голос" -- як ниҳоди ғайридавлатии нозир дар раванди интихобот эълом кардааст, ки наметавон машруияти ин ҳамапурсиро таъйид кард.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин заявил, что за пожарной безопасностью смоленских лесов будут следить с воздуха


Спорт в России и мире
Москва

В Гостином дворе прошел форум «Мы вместе. Спорт»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Андреева победила Подороску на старте турнира WTA в Руане


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Швеция хочет ограничить доступ в Балтийское море российским танкерам





Путин в России и мире
Москва

Путин всё знал, но никого не предупредил: Немцы обвинили Москву в прорыве израильского Купола


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Очередные кадровые назначения объявлены в Минске




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Захарова: Западу неинтересны планы Киева по атаке на Крымский мост


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Андрей Макаревич

Борис Галкин объяснил истоки поведения Макаревича* и других уехавших артистов



Москва

Квартиры по реновации получили жители 280 домов в первом квартале 2024 года

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net