123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Эътирози мардум аз се баробар гарон шудани бензин дар Эрон. ВИДЕО

0
Эътирози мардум аз се баробар гарон шудани бензин дар Эрон. ВИДЕО

Дар шуморе аз шаҳрҳои Эрон шоми ҷумъа, 15-уми ноябр дар робита ба се баробар шудани қимати бензин шаҳрвандон даст ба эътироз заданд.

Бар асоси гузоришҳои расида дар шаҳрҳои Машҳад, Аҳвоз ва Сирҷон даргириҳое байни неруҳои амниятӣ ва эътирозгарон руй додааст.

Хабаргузории давлатии Эрон мегӯяд, эътирозот дар шаҳри “Сирҷон шадид будааст.”

Тибқи ин гузориш, эътирозгарон дар Сирҷон ба “анбори нафтии ин шаҳр ва бо ҳадафи оташ задани он” ҳамла карданд, ки ба вокуниши “нерӯҳои интизомӣ” ин талоши эътирозгарон “ноком монд.”

Хабаргузории "Форс" ҳам мегӯяд, эътироз дар Хузистон ва Сирҷони Кирмон бештар будааст.

Бар асоси гузоришҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз эътирозгарон дар шаҳри Сирҷон кушта шудааст. Ин хабар расман тасдиқ ва ё рад нашудааст.

Ин эътирозҳо дар ҳолест, ки ширкати Миллии Тавзеи Маҳсулоти нафтии Эрон эълон кард, ки қимати бензин се баробар боло меравад.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки боло рафтани қимати бензин ва маҳдудият дар фурӯши он дар пайи афзоиши таъсири таҳримоти Амрико аст. Ширкати Миллии Тавзеи Маҳсулоти нафтии Эрон рӯзи 14-уми ноябр гуфт, ки ҳар як ронандаи мошини хусусӣ ҳақ дорад, дар як моҳ 60 литр бензин бигирад.

Агар аз ин миқдор бештар бихоҳад, бояд барои ҳар литр на 9 балки тақрибан 13 сент бипардозад. Қимати бензин барои таксиҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ низ тақрибан 13 сентӣ мешавад вале онҳо ҳақ доранд, то 500 литр бензин бигиранд. Агар аз ин бештар мехаранд, бояд барои ҳар литр 26 сентӣ бипардозанд. Сокинони Теҳрон мегӯянд, чунин маҳдудияту нархгузорӣ зиндагии мушкили мардуми Эрон мушкилтар мекунад.

Довуд Тайибӣ, яке аз сокинони Теҳрон ба хабаргузории “Ройтерс” гуфт: “Вазъият бадтар мешавад, барои мардум. Қатъан ҳамачӣ, маводи ғизоӣ ҳамачизи дигар гаронтар мешавад. Вазъияти иқтисодии мардум бадтар мешавад, на беҳтар. Барои давлат хуб мешавад, даромадаш аз ҳисоби бензин се баробар бештар мешавад.”

Озодӣ як ронандаи таксӣ дар Теҳрон низ гуфтааст: “Танҳо зараре, ки метавонад, ворид кунад, ба худи миллат аст ва масрафкунандагони бензин.“

Дар Эрон қимати бензин яке аз арзонтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, чун ҳукумат барои фурӯши он ёрона ва ё кӯмакпулӣ мепардозад. Ин кишвар соҳиби захираҳои азими нафту газ аст, вале ба сабаби таҳримоти байналмилалӣ наметавонад, истихроҷу коркарди онро зиёд кунад. Корхонаҳои коркарди нафт ҳам кӯҳна шудаанд ва ба сабаби таҳримоти иқтисодӣ, Эрон наметавонад, барои навсозии онҳо таҷҳизоти хориҷӣ бихарад.

Маҳдудият дар фурӯши бензин дар аҳди Маҳмуди Аҳмандинажод, раиси ҷумҳури собиқ дар соли 2007 хашми мардумро барангехт ва дар он сол чанд нуктаи бензифурӯширо оташ заданд. Ин маҳдудият соли 2015 аз байн бардошта шуд.

Баъди аз созиши атомӣ бо Эрон берун рафтани Амрико ва эъмоли дигарбораи таҳримот ба зидди ҷумҳурии исломӣ, бисёре аз эрониҳо мегуфтанд, ки мумкин аст, маҳдудият дар фурӯши бензин баргардад. Баъди эълони маҳдудият, навбатҳои дарозе дар нуктаҳои фурӯши бензин дар Теҳрон ба чашм расидааст.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Собянин заявил, что за пожарной безопасностью смоленских лесов будут следить с воздуха


Спорт в России и мире
Москва

РМОУ презентовал издательский проект «Притяжение Сочи» на форуме «Мы вместе. Спорт»


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

Шнайдер проиграла Бадосе на старте турнира WTA в Штутгарте


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о сохранении экологии Севастополя





Путин в России и мире
Москва

Путин всё знал, но никого не предупредил: Немцы обвинили Москву в прорыве израильского Купола


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко сравнил Всебелорусское народное собрание с «пустотой»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Владимир Зеленский подтвердил ракетный удар по аэродрому в Джанкое


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Тимати

Иностранный бизнесмен Совада подал иск против Тимати в размере 7 млн рублей



Москва

В Московском регионе выпало от 10 до 20 мм осадков за день

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net