123ru.net
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Мянмар ба Мандалай расид

0
Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Мянмар ба Мандалай расид

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 12-уми ноябр барои баргузор кардани бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили тими миллии Мянмар аз Куала-Лумпур бо ҳавопаймо тавассути Бангкок ба Мандалай расид.

Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр дар Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик, ки дар Мандалай дар меҳмонхонаи «Ritz Grand Hotel» иқомат мекунанд, шоми сешанбе дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев тамрин карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар дохил аст, ки 7 нафарашон легионер мебошанд. Баъди танаффуси тӯлонӣ ба ҳайати тими миллии кишвар ҳимоятгари «Нефтехимик»-и Нижнекамски Русия Фарҳод Восиев ва нимҳимоятгари «Бухоро»-и Узбекистон Фатҳулло Фатҳуллоев даъват шуданд.

Ба ғайр аз онҳо, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз панҷ легионер - ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон) ва Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), инчунин ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш) - дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Мянмар:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Русия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳарсе аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистонро ҳакамон аз Сурия таҳти сарварии довари FIFA Масъуд Туфайлӣ доварӣ мекунанд. Азими Абдулло аз Малайзия нозири доварон ва Ҷаясурия Дилан Рукантха Де Силва аз Шри-Ланка комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 5-ум

14-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30 бо вақти Душанбе

Мянмар – Тоҷикистон

Мандалай, варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium»

Ёдовар мешавем, мунтахаби Ҷопон, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.






Загрузка...


Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: в Москве откроют центры ментального здоровья


Спорт в России и мире
Москва

Легендарный вратарь Мануэль Нойер стал амбассадором Hisense на Чемпионате Европы по футболу – УЕФА ЕВРО 2024™


Загрузка...

Все новости спорта сегодня


Новости тенниса
WTA

П’ять українок отримали суперниць в основі турніру WTA 1000 в Мадриді: результат жеребкування


Загрузка...


123ru.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.


Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

«Тебе не понравится»: Solar AURA выявила масштабную сеть вредоносных сайтов с картинками для кражи Telegram-аккаунтов





Путин в России и мире
Москва

Алиев: доволен развитием отношений Азербайджана и России


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

В Минске прошла рабочая встреча Александра Лукашенко и Александра Цыбульского




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Военный ВСУ рассказал, что готов идти на Киев


Навальный в России и мире
Москва

Мосгорсуд оставил в СИЗО журналистку Фаворскую, обвиняемую в экстремизме за репортажи о Навальном



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Булат Окуджава

В МХТ имени Чехова 8 и 9 мая пройдет концерт с песнями Булата Окуджавы



Москва

Педагоги Раменского вышли в финал областных профессиональных конкурсов

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net